Тафсилоти нав аз парвандаи ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”

Расонаҳои давлатии Русия гузориши тоза аз ҷараёни тафтишоти ҳамла ба бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав нашр карданд.

Мақомоти Русия дар гузориши ин гузориш нав мегӯянд, Саидакрам Раҷабализода, ки яке аз муттаҳамони асосӣ дар ин парванда дониста мешавад, ҳанӯз дар соли 2023 замони дар Тоҷикистон будан ба гурӯҳи “Давлати исломӣ – вилояти Хуросон” пайвастааст. Гуфта мешавад, ки ӯ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва каналҳои ифротӣ дар Телеграмм ба ин гурӯҳ ҷалб гардидааст.

Дар санадҳои тафтишотӣ зикр мешавад, ки пас аз пайвастан ба ин гурӯҳ, бо ӯ тамос барқарор шуда, барои ӯ воситаҳои иртиботӣ омода гардида, дастурҳои аввалия дода шудаанд. Баъдан, тибқи маълумот, ӯ ба шаҳри Оксоройи Туркия фиристода шуда, дар он ҷо бо дигар афроди марбут ба гурӯҳ дар як манзил ҷойгир шудааст.

Инчунин дар гузориш иддао мешавад, ки дар давраи омодагӣ ба амалиёт барои ӯ ҳуҷҷати сафарии марбут ба Афғонистон омода карда шудааст, аммо ҷузъиёти ин иттиҳом аз ҷониби манбаъҳои мустақил пурра тасдиқ нашудааст.

Тибқи маълумоти тафтишот, аъзои ин гурӯҳ бо истифода аз маводи видеоӣ ба омӯзиши истифодаи силоҳ ва омодагӣ ба ҳамлаҳои террористӣ машғул будаанд.

Вале маълум нест ин маълумот аз ҷониби худи Раҷабализода гуфта шуда ё тафтишот дар бораи ӯ ин маълумотро нав дастрас кардааст. Ҳамчунин эътироф ё рад шудани ин маълумот низ аз ҷониби ӯ маълум нест.

Ин ҳам дар ҳолест, ки 12-уми марти соли ҷорӣ, Додгоҳи ҳарбии Маскав пушти дарҳои баста Саидакрам Раҷабализодаро ҳамроҳ бо 14 нафари дигар, ки танҳо 2 нафарашон зодагони Ингушистон буда, боқимонда ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ба ҳабси абад маҳкум кард.

Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба толори “Крокус Сити Ҳолл” 22-уми марти соли 2024 рух дод, ки дар натиҷаи он ҳадди ақал 145 нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷруҳ шуданд. Пас аз ҳамла, бино ба оташ кашида шуд.

Масъулияти ин ҳамларо шохаи “Давлати исломӣ – Хуросон” ба уҳда гирифта буд. Ин ҳодиса аз бузургтарин ҳамлаҳои террористии солҳои охир дар Русия арзёбӣ мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Олмон мехоҳад боз як паноҳҷӯи дигари тоҷикро истирдод кунад

Мақомоти Олмон рӯзи 8-уми июн паноҳҷӯйи тоҷик, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд Асадулло Бобоевро ҳамроҳ бо писараш Муҳаммад Бобоев дар шаҳри Крайс Клеве боздошт карданд.

Табдили алифбо баробар бо табдили қудрат аст

Ҳазфи вожаи "форсӣ" аз Қонуни забон ва маҳдуд кардани омӯзиши хатти форсӣ натавонист онро ба фаромӯшӣ бисупорад ва ё пеши роҳи омӯзиши онро аз миллати тоҷик бигирад.

Дидори вазири тоҷик бо намояндаи вежаи президенти Амрико

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир рӯзи 10-уми июн дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона бо намояндаи вежаи президенти Иёлоти Муттаҳида дидору гуфтугӯ кард.

Ҳамлаи ҷадиди Амрико ба Эрон: Тангаи Ҳурмуз баста шуд

Шаби 10-уми июни соли ҷорӣ нерӯҳои низомии Амрико ба хоки Эрон дигарбора ҳуҷумро оғоз карданд.