16.9 C
Dushanbe

Боз як сарбози дигар дар Тоҷикистон “худкушӣ” кард

Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода, сокини 23-солаи ноҳияи Файзобод пас аз ҳашт моҳи хидмат дар артиш худро ба рӯдхонаи Кофарниҳон дар ноҳияи Ваҳдат андохта, худкушӣ кард.

Радиои Озодӣ дар истинод ба наздикони ин сарбози ҷавон навиштааст, ки Шаҳбоз барои даҳ рӯз дар рухсатӣ буд ва 28-уми апрел, бояд ба маҳалли хидматаш, яъне ба баталёни минрубии Вазорати дифоъ дар ноҳияи Рӯдакӣ бармегашт. Аммо рӯзи 27-уми апрел аз хона баромада, ба наздиконаш гуфтааст, ки барои ташхис ба беморхонаи шаҳри Ваҳдат меравад.

Вале он рӯз ӯ телефони мобилиашро ба як зани роҳгузар дода, худро аз болои панҷараи пул ба рӯдхонаи Кофарниҳон партофтааст. Ба иддаои наздиконаш он зан фикр кардааст, ки ӯ телефонро баро аксгирӣ ба ӯ додаасту чизе напурсидааст ва вақте ин ҳодисаро мебинад, сахт метарсад.

Шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки то 500-600 метр ҷисми Шаҳбоз дар рӯи об намоён буд, вале баъдан дар зери об нопадид шудааст ва ҳоло наздикон ва сокинони маҳаллӣ пайкари сарбозро дар соҳилҳои Кофарниҳон ҷустуҷӯ доранд.

Наздикони ин сарбоз мегӯянд, ки намедонанд чаро ӯ ба ин кор даст задааст, чун ба онҳо чизе нагуфта буд, вале борҳо аз шароити бади хидмат шикоят карда, гуфта будааст, ки гурдаҳояш осеб дидаанд.

Гуфта мешавад, Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода соле пеш издивоҷ карда, аз ӯ як тифли панҷмоҳа ятим мондааст.

Бояд гуфт, марги сарбозон дар Тоҷикистон падидаи нав набуда, чанде пеш расонаҳо аз марги Исрофил Азимзодаи 25-сола дар бемористон ҳамагӣ пас аз 14 рӯзи рафтан ба хидмат хабар дода буданд.

Мақомот иддао кардаанд, ки ӯ аз ошёнаи чорум ғалтидааст. Аммо наздиконаш мегӯянд, ки ӯро шиканҷа кардаву аз ошёнаи чорум ба поён партофдаанд.

Ҳатто худи Исрофил дар бемористон чор нафарро нишон дода гуфтааст, ки ҳаминҳо фармон дода ва ӯро задаанд. Ба ғайр аз он чор нафари дигар, боз 17 нафари дигарро ҳам нишон дода будааст.

Ҳоло аз Исрофил, ки якуним сол пеш хонадор шуда буд, як духтарчаи шашмоҳа ятим мондааст.

Гуфта мешавад, бадрафторӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ва марги сарбозон дар Тоҷикистон боис гаштааст, ки ҷавонон аз хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар фирор кунанд ва мақомот аксар ҷавононро иҷборан ба хидмат мебаранд.

Аз ҷумла, дар ин солҳои ахир мақомот равиши нави сарбозгириро пеша карда, имомон ва раисони маҳаллаҳоро муваззаф мекунанд, ки пеш аз оғози мавсим хонаводаҳоро маҷбур кунанд, то фарзандонашонро дар ҳарҷо ки бошанд, биёранд ва ба артиш гусел кунанд, дар акси ҳол бар зидди онҳо парвандаи ҷиноятӣ ва ё маъмурӣ боз мешавад.

Ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое нашр мешавад, ки дида мешавад, маъмурони комиссарияти ҳарбӣ дар рӯзи равшан дар кӯчаву бозорҳо ва ҳатто дохили хонаҳо даромада, ба зӯр ҷавоноро боздошт мекунанд ва ба артиш мебаранд, ки ин падида солҳост ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро нигарон кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Эмомалӣ бо фиристодаи вижаи Трамп

Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи вежаи Президенти Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Гор мулоқот кард.

Талафоти ҷонӣ дар ду садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон

Дар пайи садамаҳои нақлиётии ду рӯзи гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон ду зан ҷон бохта, чанд нафари дигар захмӣ шуданд.

Лоиҳаи CASA-1000 ба марҳилаи ниҳоӣ наздик мешавад?

Дар шаҳри Душанбе масъалаи суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаи минтақавии энергетикии CASA-1000 ва омодагӣ ба оғози марҳилаи тиҷоратии он баррасӣ гардид.

Мулоқоти Ироқчӣ бо Путин. Теҳрон аз Маскав чӣ мехоҳад?

Рӯзӣ 27-уми апрели соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ дар Маскав бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ кард.