Мақомоти қудратӣ дар вилояти Суғд муҳоҷирони зиёди зодагони Афғонистонро, ки дар ин вилоят кору зиндагӣ мекарданд, ихроҷ мекунанд.
Бино ба иттилои расонаҳо, ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон пас аз як ҳодисаи пурсарусадои куштор дар шаҳри Хуҷанд, ки як шаҳрванди Афғонистон ба иттиҳоми қатли як зани 27-солаи тоҷик боздошт шуда буд, бештар шуд. Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон пас аз ин ҳодиса чораҳои шадид андешида, ихроҷи муҳоҷирони афғонро афзоиш додаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи куштор эълон кард, ки гумонбар як ҷавони 22-солаи шаҳрванди Афғонистон буда, ба таври ғайриқонунӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иқомат мекард. Ӯ ҷабрдидаро бо зарби корд ба ҳалокат расонидааст.
Ба гуфтаи манбаъҳо, пас аз ин ҳодиса даҳҳо оилаи афғон мавриди боздошт қарор гирифта, қисме аз онҳо ба ҷойҳои махсус интиқол дода шудаанд ва бо хатари ихроҷ ба Афғонистон рӯбарӯ мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, муҳоҷирони афғон бо ирсоли наворҳо ба шабакаи “Афғонистон Интернешнл” хабар додаанд, ки бархе аз онҳо дорои санадҳои қонунии созмонҳои байналмилалӣ мебошанд, аммо бо вуҷуди ин, мақомоти тоҷик онҳоро боздошт мекунанд ва барои ихроҷ таҳдид мекунанд.
Бо вуҷуди ин, ҳанӯз маълум нест, ки оё ихроҷи паноҳандагони афғон дар вилояти Суғд мустақиман ба ин ҳодисаи қатл рабт дорад ё на.
Бино ба маълумотҳои расида, ҳудуди 250 муҳоҷири афғонистонӣ аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе интиқол дода шудаанд ва онҳо хатари ихроҷ ба Афғонистон таҳдид мекунад.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта низ мақомоти Тоҷикистон чанд маротиба паноҳандагони афғонистониро аз қаламрави кишвар ихроҷ карда буданд. Мақомот сабаби ин иқдомҳоро ҳузури ғайриқонунии бархе аз муҳоҷирон унвон карда буданд.
Тибқи маълумотҳо, дар Тоҷикистон ҳудуди 9 ҳазор паноҳҷӯи афғонистонӣ ба сар мебаранд, ки аксари онҳо дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунанд.
