Русия бар асоси як созишномаи дуҷониба тасмим дорад дар Тоҷикистон намояндагии Вазорати корҳои дохилии худашро боз кунад.
Бино ба иттилои расонаҳои Русия, рӯзи 4-уми майи соли ҷорӣ Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар нусхаи лоиҳаи қонуни нав дар бораи созишномаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард.
Гуфта мешавад, Путин лоиҳаи қонунро барои тасдиқи созишнома бо Тоҷикистон, ки дар мавриди ҳамкориҳои дуҷониба дар бораи танзим ва идораи раванди муҳоҷират аст, ба Думаи давлатӣ ирсол кардааст. Ин созишнома дар робита ба бахшидани баъзе салоҳиятҳо ба мақомоти ҳуқуқӣ, аз ҷумла намояндагиҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Идорат муҳоҷират дахл дорад.
Тавре дар шарҳи ин хабар гуфта мешавад, лоиҳаи қонуне, ки ҳоло Путин онро барои тасдиқ ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст, созишномае аст, ки моҳи октябри соли 2025 миёни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.
Бар асоси ин созишнома, Русия бо мақсади густариши ҳамкорӣ қасд дорад намояндагии Вазорати корҳои дохилиашро дар Душанбе таъсис диҳад. Дар навбати худ, Тоҷикистон низ дар Русия намояндагии Вазорати корҳои дохилӣ ва инчунин намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дар шаҳри Маскав боз хоҳад кард.
Таъкид мешавад, ки ин созишнома ба таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар равона шудааст, аз ҷумла дар самти мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ, инчунин рушди шарикӣ дар бахши муҳоҷират.
То ҳанӯз ба таври расмӣ рӯшан нест, ки вазифаи аслии намояндагиҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистону Русия дар кишварҳои ҳамдигар дақиқан чӣ корро иҷро мекунанд. Аз ин рӯ, баъзе таҳлилгарон ин суолро матраҳ мекунанд, ки Русия ва дар раъси он худи Путин бар кадом асос мехоҳад дар қаламрави як кишвари дигар ниҳоди амниятии худро таъсис кунад.
Ба назари коршиносон, агарчи ин иқдом дуҷониба аст ва Тоҷикистон ҳам дар Русия намояндагии ВКД-и худро боз мекунад, вале намояндагии ВКД-и Русия ба эҳтимол аз як “мақоми дипломатӣ” болотар аст. Ба назари онҳо, таҷрибаи кишварҳои пасошӯравӣ нишон медиҳад, ки чунин сохторҳо метавонанд:
- ба ҷамъоварии иттилооти амниятӣ машғул шаванд;
- бо мақомоти маҳаллӣ дар бозпурсиҳо ва тафтишот таъсир расонанд;
- дар масъалаҳои марбут ба муҳоҷирон фишанги таъсирро дошта бошанд.
Иддае бар ин назаранд, ки аз баски миллионҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд, барои Маскав, назорати ин гурӯҳ на танҳо ҷанбаи иқтисодӣ, балки сиёсӣ ҳам дорад. Хусусан, баъд аз ҳамлаи “Крокус Сити Ҳолл” назари Русия ба муҳоҷирони тоҷик тағйир ёфтааст. Ӯ мехоҳад бо доштани намояндагии ВКД дар Душанбе ҷараёни фиристодани муҳоҷиронро пешакӣ санҷад ва маълумоти шахсӣ ва иҷтимоии онҳоро аз наздик назорат кунад.
