25.9 C
Dushanbe

Ҷаласаи Шӯрои амният пас аз марги сарбозон дар Тоҷикистон

4-уми майи соли ҷорӣ, таҳти раёсати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шӯрои амният баргузор гардид.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, дар ҷаласа раиси Маҷлиси миллӣ шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳур Рустами Эмомалӣ, аъзои ин ниҳод, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат доштанд.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа масъалаҳои бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ, рафти даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ, риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва оинномаҳои низомӣ дар ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, идомаи сохтмони биною иншооти зарурӣ дар сарҳадот, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ ва таъмини амният дар ҷомеа баррасӣ шудааст.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон гузориши масъулонро шунида, барои ислоҳи вазъ ба сохторҳои дахлдор супоришҳо додааст. Вале маълум нест, ки чӣ супоришҳо дода шудаанд ва то чӣ андоза онҳо ба беҳбуди воқеии вазъ оварда мерасонанд.

Бояд гуфт, дар ҳоле раисҷумҳури худкома аз “риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва оинномаҳои низомӣ дар ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ” мегӯяд, ки танҳо дар ду ҳафтаи охир се сарбоз: Исрофил Азимзодаи 25-сола аз Рӯдакӣ, Ғолибҷон Иброҳимови 23-сола аз ноҳияи Ҳамадонӣ ва Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзодаи 23-сола ҳалок шуданд.

То ҳол мақомот сабаби марги онҳоро таҳқиқ доранд, аммо огаҳон бар ин боваранд, ки асосан сарбозон аз бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро даст ба худкӯшӣ мезананд ва ё аз шиканҷаву латтукӯби зиёд ҷон медиҳанд.

Ба назари коршиносон, бадрафторӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ва марги сарбозон дар Тоҷикистон боис гаштааст, ки ҷавонон аз хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар фирор кунанд, вале мақомот кӯшиш мекунад аксар ҷавононро иҷборан ба хидмат баранд.

Аз ҷумла, дар ин солҳои ахир мақомот равиши нави сарбозгириро пеша карда, имомон ва раисони маҳаллаҳоро муваззаф мекунанд, ки пеш аз оғози мавсим хонаводаҳоро маҷбур кунанд, то фарзандонашонро дар ҳарҷо ки бошанд, биёранд ва ба артиш гусел кунанд, дар акси ҳол бар зидди онҳо парвандаи ҷиноятӣ ва ё маъмурӣ боз мешавад.

Ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое нашр мешавад, ки дида мешавад, маъмурони комиссарияти ҳарбӣ дар рӯзи равшан дар кӯчаву бозорҳо ва ҳатто дохили хонаҳо даромада, ба зӯр ҷавононро боздошт мекунанд ва ба артиш мебаранд, ки ин падида солҳост ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро нигарон кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия дар Тоҷикистон намояндагии ВКД-и худро боз мекунад

Русия бар асоси як созишномаи дуҷониба тасмим дорад дар Тоҷикистон намояндагии Вазорати корҳои дохилии худашро боз кунад.

Ихроҷи муҳоҷирони афғон аз Тоҷикистон пас аз ҳодисаи куштор дар Хуҷанд

Мақомоти қудратӣ дар вилояти Суғд муҳоҷирони зиёди зодагони Афғонистонро, ки дар ин вилоят кору зиндагӣ мекарданд, ихроҷ мекунанд.

Селҳои харобиовар ба чанд шаҳру ноҳия дар Тоҷикистон зарар расонд

Бар асари боронгариҳои шадид дар як ҳафтаи охир дар чанде аз минтақаҳои кишвар сел омада, ба аҳолӣ хисороти ҷиддӣ ворид кард.

Узви собиқи ҲНИТ-ро дар Исфара куштанд

ҲНИТ аз куштори фоҷиавии узви собиқаш Содиқов Маннони 61-сола, маъруф ба домулло Абдуманнон хабар дод.