ВКД-и Русия қоидаҳои нав барои муҳоҷирон пешниҳод кард

Ҳукумати Федератсияи Русия қасд дорад то 2 миллион муҳоҷирро ҷалб намуда, низоми нави кирояи онҳоро роҳандозӣ кунад.

Вазорати корҳои дохилии Русия бастаи лоиҳаи қонунҳоро барои гузаронидани озмоиши ҷалби ҳадафмандонаи муҳоҷирони корӣ дар солҳои 2027–2030 таҳия кардааст, ки ворид намудани тағйирот ба Кодексҳои меҳнат, андоз ва буҷетро пешбинӣ мекунанд.

Ин ташаббус дар доираи Консепсияи нави сиёсати давлатии муҳоҷират барои солҳои 2026–2030 таҳия шуда, ҳадафи асосии лоиҳа таъмини талаботи иқтисоди Русия ба неруи корӣ, бахусус дар соҳаҳое мебошад, ки бо камбуди кадрҳо рӯ ба рӯ ҳастанд.

Тибқи ин тарҳ, интизор меравад, ки беш аз 1,7 миллион муҳоҷири корӣ, ки тақрибан 1,2 миллион нафарашон шаҳрвандони кишварҳои ИДМ хоҳанд буд, мувофиқи қоидаҳои нав ба Русия ворид шаванд ва буҷети Русия аз татбиқи ин тарҳ 13,6 миллиард рубл даромад ба даст оварад.

Ҳамчунин дар ин тарҳ ба ҷойи иҷозатномаҳои коғазӣ истифодаи низоми рақамӣ пешбинӣ шудааст, ки дар он маълумоти корфармоён ва кормандони хориҷӣ сабт мегардад ва барои ин ВКД тасмим дорад то охири соли 2026 платформаи нави иттилоотиро таъсис диҳад.

Тибқи лоиҳаи қонун, корфармоён бояд барои шомил шудан ба низом дархост пешниҳод намуда, имкони таъмин кардани кормандонро бо манзил ва хидматрасонии тиббӣ барои тамоми муҳлати шартномаи корӣ исбот кунанд. Интихоби кормандон тавассути ВКД анҷом дода мешавад.

Барои шаҳрвандони хориҷӣ бошад, гузаштан аз чандин расмиёти ҳатмӣ, аз ҷумла бақайдгирӣ, гирифтани корти мушаххаскунанда, муоинаи тиббӣ ва сабти давлатии генетикӣ пешбинӣ шудааст. Гуфта мешавад, муоинаҳо дар муассисаҳои давлатии тиббие гузаронида мешаванд, ки аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шудаанд.

Дар доираи ин озмоиш пешниҳод шудааст, ки бо муҳоҷирон танҳо шартномаҳое баста шаванд, ки муҳлати муайян доранд. Ҳамчунин низоми махсуси андозбандӣ ҷорӣ мегардад, ки кормандони хориҷӣ андоз аз даромадро дар шакли пардохтҳои пешакӣ бо меъёри 1,2 ҳазор рубл дар як моҳ пардохт хоҳанд кард ва даромад аз ин андоз пурра ба буҷети минтақаҳо равона мешавад.

Ғайр аз ин, ВКД пешниҳод кардааст, ки барои ворид намудани маълумот ба феҳристҳои электронӣ боҷи давлатӣ ҷорӣ карда шавад, то хароҷоти маъмурияти лоиҳа пӯшонида шавад.

Дар маводи тавзеҳӣ гуфта мешавад, ки дар доираи ин озмоиш марказҳои махсуси муҳоҷиратӣ барои иқомати муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ таъсис дода мешаванд. Дар ин марказҳо муҳоҷирон пеш аз фиристода шудан ба минтақаҳо ва ҷойгир шудан дар корхонаҳои муайян расмиёти заруриро мегузаранд.

Пешниҳоди ин қоидаҳо дар Русия дар ҳолест, ки вазири рушди иқтисод Максим Решетников изҳор карда буд, ки нигоҳ доштани суръати рушди иқтисод бидуни истифодаи нерӯи муҳоҷирон мушкил хоҳад буд. Президенти Русия Владимир Путин низ таъкид карда буд, ки кишвар ба ҷалби “нерӯи кории зарурӣ” барои иқтисод манфиатдор аст.

Аммо бо вуҷуди камбуди нерӯи корӣ, дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ хеле афзоиш ёфта, бо ин баҳона чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардидааст ва муҳоҷирони тоҷик бо тафтишу боздошт ва бадрафторӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...