Намояндагии Вазорати муҳоҷирати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо нашри хабарномае аз шаҳрвандони кишвар даъват кардааст, ки аз интиқоли маблағ ба кортҳои бонкии шахсони ношинос ва созмонҳои хориҷӣ худдорӣ намоянд.
Дар хабарномаи ин ниҳод омадааст, ки қонунгузории Русия барои анҷом додани амалиёти молиявие, ки ба дастгирии созмонҳои мамнуъ, аз ҷумла ташкилотҳои террористӣ ва ифротгаро рабт доранд, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ мекунад.
Ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳамчунин тавсия дода шудааст, ки нисбат ба эълонҳои ҷамъоварии маблағ “барои кумак ба осебдидагон” ва дигар муроҷиатҳои мушобеҳ, ки тавассути интернет ва паёмрасонҳо аз ҷониби гурӯҳҳои номаълум паҳн мешаванд, эҳтиёткор бошанд.
Намояндагӣ бе овардани номи созмону гурӯҳе гуфтааст, ки чандин созмонҳо аз ҷониби Додгоҳҳои олии Тоҷикистон ва Русия ҳамчун ташкилоти террористӣ, ифротгаро ё агенти хориҷӣ эътироф шудаанд ва дастгирии молиявии чунин сохторҳо метавонад боиси оғози парвандаи ҷиноятӣ гардад.
Ин хабарнома дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон чанд вақти охир садҳо муҳоҷири тоҷикро бо иттиҳоми фиристодани маблағ ба мухолифон, бахусус Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ” барои солҳои тулонӣ равонаи зиндон кардаанд.
Гуфта мешавад, пештар намояндагии Вазорати муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия инчунин шаҳрвандонро дар бораи қоидаҳои нави амалкунанда ҳангоми убури марзи Русия огоҳ карда буд, ки тибқи он мақомоти марзбонии Русия ҳуқуқ доранд ҳангоми гузаштан аз сарҳад дастгоҳҳои электронии шахсиро, аз ҷумла телефонҳои мобилӣ, компютерҳо ва дигар таҷҳизотро бисанҷанд.
Дар хабарнома гуфта мешуд, ки дар сурати саркашӣ аз пешниҳоди дастгоҳ барои санҷиш ё рад кардани кушодани он, шаҳрвандон метавонанд ба ҷавобгарии маъмурӣ, аз ҷумла ҷарима ба маблағи аз 5 ҳазор то 7 ҳазор рубл ё ба ҳабси маъмурӣ то 15 шабонарӯз мувоҷеҳ шаванд.
Ба иддаои намояндагӣ, ин тадбирҳо барои пурзӯр намудани мубориза бар зидди ифротгароӣ ва қочоқ равона шуда ва ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қасди сафар ба Русия доранд, тавсия дода шудааст, ки талаботи амалкунандаро пешакӣ ба назар гиранд, то ҳангоми убури сарҳад ба мушкилот рӯ ба рӯ нашаванд.
