Бунёди лоиҳаи нави “энергияи сабз” дар Тоҷикистон

Ширкатҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон талош доранд бо имзои созишнома бо Ҳукумат дар кишвар лоиҳаҳои истеҳсоли барқи офтобиро роҳандозӣ кунанд.

Тавре расонаҳои давлатӣ хабар медиҳанд, 6-уми майи соли ҷорӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати “Руфтоб” созишномаи муҳими сармоягузорӣ ба имзо расид, ки татбиқи яке аз бузургтарин лоиҳаҳои нерӯи офтобӣ дар таърихи кишварро дар назар дорад.

Дар чорчӯби ин лоиҳа муҷаҳҳазсозии корхонаҳо ва истеъмолкунандагони нерӯи барқ бо панелҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 2000 МВт дар назар гирифта шудааст. Ҳадафи асосии ин лоиҳа коҳиши норасоии барқ, тақвияти истиқлоли энергетикӣ ва рушди энержии барқароршаванда гуфта мешавад.

Ин ташаббус дар шароите амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ ба диверсификатсияи манбаъҳои энергия рӯ овардааст. Тибқи маълумоти расмӣ, дар натиҷаи татбиқи лоиҳа истеҳсоли солонаи нерӯи барқ метавонад ба 3,5 миллиард кВт-соат расад, ки на танҳо талаботи дохилиро қонеъ мекунад, балки иқтидори содиротиро низ афзоиш медиҳад.

Бар асоси ин гузориш, арзиши умумии сармоягузории лоиҳаи мазкур то 1 миллиард доллари ИМА пешбинӣ шудааст. Инчунин мақомот иддао мекунанд, ки бо татбиқи ин лоиҳа беш аз 500 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад, ки мувофиқи талабот, бояд на камтар аз 80 дарсади кормандон шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд.

Ин омил, ба гуфтаи таҳлилгарон, метавонад ба рушди бозори кори дохилӣ ва омодасозии кадрҳои муҳандисии миллӣ таъсири мусбат расонад.

Ба назари иқтисоддонҳо, ин лоиҳа метавонад Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои пешсаф дар гузариш ба нерӯи “сабз” дар Осиёи Марказӣ табдил медиҳад. Он ҳамчунин метавонад фишорро ба шабакаи барқи кишвар коҳиш дода, модели нави ғайримарказии таъминоти барқро ба вуҷуд орад. Аммо оё “лимит”-е, ки беш аз се даҳа аст аҳолӣ аз он ранҷ мекашанд, бартараф мешавад ё на, маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки аз ин пеш низ нақшаи сохтмони ду нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун баррасӣ шуда буд. Ин тарҳҳо, ки ҳар кадоме 250 МВт иқтидор доранд, ҳамчун аввалин таҷрибаи бузурги офтобӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мешаванд ва эҳтимол меравад норасоии нерӯи барқ, махсусан дар фасли зимистон камтар шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...