23.9 C
Dushanbe

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 11-уми май бо як сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Чин шуд.

Хадамоти матбуоти Президент бидуни овардани номи мақомдори чиние иддао кардааст, ки Раҳмонов ва ҳамроҳонашро, аз ҷумла вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва роҳбарони чанде аз вазорату идораҳои Тоҷикистонро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин “намояндагони воломақоми Чин” пешвоз гирифтаанд.

Гуфта мешавад, сафари Раҳмон ба Чин то 14-уми май идома карда, ӯ ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ баррасӣ хоҳад кард.

Маълум нест, ки Раҳмон бо раисҷумҳури Чин кай мулоқот хоҳад кард, аммо дар рӯзи якуми сафараш бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB), хонум Зоу Ҷиайи мулоқот намуда, нақшаи дарозмуддати сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохториро, ки барои татбиқи он ҷудо намудани беш аз 800 миллион доллари амрикоӣ аз ин бонк пешбинӣ шудааст, имзо кардаанд.

Ҳамчунин дар пасманзари сафари Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин IT Форум таҳти унвони “Tajik-China Digital Business Connect” ҷараён дорад ва дар ҳошияи он 28 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 647 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расидааст.

Бояд гуфт, аз соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон ба Чин 22 сафар кардааст ва ин ҳам дар ҳролест, ки Си Ҷин Пин дар ин муддат ҳамагӣ се маротиба ба Тоҷикистон омадааст.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Чин шарикони стратегӣ буда, бо ҳам беш аз 500 километр марзи муштарак доранд.

Ҳамчунин Чин аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳоло беш аз 700 миллион доллар қарзи Тоҷикистон дар назди Чин боқӣ мондааст.

Дар баробари ин Чин бахши азими истихроҷи сарватҳои табии Тоҷикистонро дар даст дошта, ду ширкати чинӣ “Зарафшон” ва “Покруд” 84 дарсади захираҳои тилои солонаи Тоҷикистонро истихроҷ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Арабистони Саудӣ ва Русия низоми сафари бидуни раводидро роҳандозӣ карданд

Аз 11-уми майи соли 2026 байни Арабистони Саудӣ ва Русия низоми сафари дуҷонибаи бидуни раводид расман мавриди амал қарор гирифт.

Беш аз $100 млн сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ ба соҳаи кишоварии Тоҷикистон

Бонки ҷаҳонӣ имсол дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон 108 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ мекунад.

Латтукӯби кӯдак дар кӯдакистон аз ҷониби мақомот таҳқиқ мешавад

Мақомоти Душанбе пас аз паҳн шудани навори латтукӯби як кӯдак дар кӯдакистони пойтахт таҳқиқотро оғоз карданд.

Бунёди лоиҳаи нави “энергияи сабз” дар Тоҷикистон

Ширкатҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон талош доранд бо имзои созишнома бо Ҳукумат дар кишвар лоиҳаҳои истеҳсоли барқи офтобиро роҳандозӣ кунанд.