19.9 C
Dushanbe

Яккатозии Jura-таксӣ дар Хуҷанд: Нархҳои гарон ва инҳисори шадид

Сокинони шаҳри Хуҷанд аз он шикоят доранд, ки ширкатҳои собиқи таксӣ аз шаҳр нопадид шудаанд ва ба ҷои онҳо Jura-таксӣ пайдо шудааст, ки нархаш гаронтар аст.

Рӯзи сешанбе як манбаъ аз шаҳри Хуҷанд бо шарти фош нашудани номаш ба Azda tv гуфт, ки то чанде пеш дар шаҳр ширкатҳои таксии 666 ва 0110 фаъолият мекарданд ва ба сокинон сари вақт ва бо нархи нисбатан арзон хидматрасонӣ мекарданд, вале ҳоло онҳо пурра нопадид шудаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳоло дар шаҳри Хуҷанд ширкати нави таксӣ бо номи “Jura” пайдо шудааст, ки нархаш аз ширкатҳои пешин гаронтар аст ва боз хидматрасониҳои саривақтӣ ва муносиб надорад. Ӯ инчунин афзуд, ки ҷойҳое, ки пештар бо 10-12 сомонӣ мерафтем, ҳоло аз 15 сомонӣ ҳам гаронтар шудааст.

Ҳамзамон як манбаи дигар бо таъйиди гуфтаҳои боло афзуд, ки ширкати “Jura” бозори таксирониро дар шаҳри Хуҷанд пурра инҳисор кардааст ва ҳеч кас ҳақ надорад бидуни иҷозати ин ширкат таксиронӣ кунад. “Пештар мардум вақте аз Русия ихроҷ мешуданд, то як кори муайян пайдо кардан, бештар ба таксиронӣ машғул мешуданд. Вале ҳоло ин кор қариб номумкин шудааст.”, афзуд манбаъ.

Ин ҳам дар ҳолест, ки чанде пеш сокинони шаҳри Душанбе низ аз вуҷуди ин ширкат дар пойтахт ва нопадид шудани дигар ширкатҳо ва инчунин гарон будани нархи роҳкирои онҳо ва сатҳи хидматрасонияшон шикоят карда буданд. Ҳатто онҳое, ки қаблан дар дигар ширкатҳо ба таксиронӣ машғул буданд, шикоят карданд, ки бояд рӯзона барои ин ширкат 100 сомонӣ пардохт кунанд ва агар мошинашон иҷора бошад, боз рӯзона 200-250 сомонии дигар барои он пардохт кунанд ва баъд аз он метавонанд барои худ кор кунанд.

Аввали соли ҷорӣ зимни нишастҳои матбуотӣ вақте аз вазири нақлиёт Азим Иброҳим дар бораи мушкилоти таксиҳо ва инҳисори ширкати Jura-таксӣ пурсида шуд, гуфт, ки наметавонад ба ин мушкилӣ ва дигар мушкилоти мусофирон ва ронандагони таксӣ дар ин самт дахолат кунад.

Баъди изҳори назари вазири налиёт дар бораи оҷизии ниҳоди зери идорааш аз дахолат ва танзим кардани таксиҳо, аксари таҳлилгарон мегуфтанд, ки ин ширкати махсуси фарзандон ва наздикони расиҷумҳур ва ё яке аз мақомдорони баландпоя аст.

Ба гуфтаи коршиносон, ширкати Jura-таксӣ, ки талош дорад дар аксар шаҳрҳои кишвар яккатоз бошад ва бо омаданаш дигар ширкатҳои хурди таксӣ аз байн рафтанд, эҳтимол меравад ширкати давлатӣ набошад, вале эҳтимоли ин ки тиҷорати яке аз мансабдорони наздик ба худи Эмомалӣ Раҳмон ва ё наздикону фарзандони ӯ бошад, хеле зиёд аст. Чун, ба гуфтаи онҳо, инмокн надорад, ки шахсе дар Тоҷикистон ба ин оила наздик набошад ва боз битавонад бозори таксиро пурра дар тамоми кишвар инҳисор кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аврупо барои бозгардондани муҳоҷирони афғон бо Толибон гуфтушунид мекунад?

Иттиҳоди Аврупо талош дорад бо ҳукумати Толибон барои ихроҷи муҳоҷирони афғон ба Афғонистон музокирот кунад.

Дар Тоҷикистон ҳар рӯз ду нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд

Дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ҳар рӯз тақрибан ду нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд.

Арабистони Саудӣ ва Русия низоми сафари бидуни раводидро роҳандозӣ карданд

Аз 11-уми майи соли 2026 байни Арабистони Саудӣ ва Русия низоми сафари дуҷонибаи бидуни раводид расман мавриди амал қарор гирифт.

Беш аз $100 млн сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ ба соҳаи кишоварии Тоҷикистон

Бонки ҷаҳонӣ имсол дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон 108 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ мекунад.