Аврупо барои бозгардондани муҳоҷирони афғон бо Толибон гуфтушунид мекунад?

Бино ба гузориши нашрияи аврупоии Euractiv, қарор аст дар Брюссел музокироти техникӣ миёни намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва ҳаракати Толибон дар бораи ихроҷи муҳоҷирони афғон баргузор шавад.

Тибқи гузориш, мулоқот эҳтимолан дар як макони бетараф, монанди меҳмонхона дар пойтахти Белгия баргузор шуда, на дар биноҳои расмии Иттиҳоди Аврупо. Манобеъ мегӯянд, ҳадаф аз ин гуфтугӯҳо баррасии роҳҳои ҳамкорӣ барои бозгардондани шаҳрвандони афғон аз кишварҳои аврупоӣ ба Афғонистон мебошад.

Иттиҳоди Аврупо то ҳол ҳукумати Толибонро расман эътироф накардааст, аммо баъзе кишварҳои узв мехоҳанд масъалаи ихроҷи афғонҳое, ки ҳаққи иқомат надоранд ё дар парвандаҳои ҷиноятӣ даст доранд, ҳал шавад.

Ин музокирот дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ҳамчунон сиёсати Толибон, бахусус маҳдудиятҳо нисбат ба занону духтаронро интиқод мекунанд. Аз ин сабаб, бархе таҳлилгарон чунин тамосҳоро баҳсбарангез арзёбӣ намуда, мегӯянд, ки онҳо метавонанд ба ҳукми қонунӣ бахшидани ғайримустақими ҳукумати Толибон мусоидат кунанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти аврупоӣ таъкид доранд, ки ин тамосҳо хусусияти “техникӣ” дошта, ба маънои эътирофи расмии Толибон нест.

Пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар моҳи августи соли 2021, масъалаи муҳоҷирати шаҳрвандони Афғонистон ба Аврупо ба яке аз мавзуъҳои муҳими сиёсати муҳоҷиратии кишварҳои аврупоӣ табдил ёфтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.