Лаҳистон як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми “таҳдид ба амният” ихроҷ кард

Мақомоти марзбонии Лаҳистон (Полша) чанд шаҳрванди хориҷиро аз ин кишвар ихроҷ карданд, ки дар байни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ҳаст.

Тавре Марзбонии Лаҳистон хабар медиҳад, муҳрҷирони ихроҷшуда дар шаҳри Кентжина боздошт ва дар Маркази нигоҳдории хориҷиён дар ҳамон шаҳри нигоҳдорӣ мешуданд. Гуфта мешавад, муҳоҷирони ихроҷшуда шаҳрвандони кишварҳои Тоҷикистон, Гурҷистон, Ҳиндустон, Молдова ва Туркия будаанд.

Ба иттилои Шуъбаи Варминско-Мазурскои Хадамоти марзбонии Лаҳистон, нисбати шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Молдова қарор дар бораи бозгашт ба ватан бо иттиҳоми “таҳдид ба амният ва тартиботи ҷамъиятӣ” содир шудааст. Мақомот ҷузъиёти бештар дар бораи иттиҳом ё фаъолияти эҳтимолии ин афродро шарҳ надодаанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи мақомоти марзбонӣ, чанд нафари дигар, аз ҷумла шаҳрвандони Ҳиндустон, Туркия, Молдова ва яке аз шаҳрвандони Гурҷистон ҳуҷҷатҳои қонунии будубош дар Лаҳистонро надоштаанд. Низ гуфта мешавад, як шаҳрванди дигари Гурҷистон чанд маротиба бо иттиҳоми “дуздӣ” боздошт ва маҳкум шудааст.

Хадамоти марзбонӣ мегӯяд, ки дар рӯзҳои охир кормандони он хориҷиёнро аз маркази Кентжин ба фурудгоҳ интиқол дода, онҳоро ба кишварҳои худ бозпас фиристоданд. Аммо гуфта намешавад, ки дақиқан ин боздоштҳо кай сурат гирифта ва кадом рӯз муҳоҷирони боздоштшуда ба ватанҳояшон ихроҷ шудаанд.

Ин ҳодиса дар ҳолест, ки Лаҳистон дар моҳҳои ахир назорати худро бар муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва иқомати шаҳрвандони хориҷӣ сахттар кардааст. Мақомоти Варшава мегӯянд, ки таҳдидҳои амниятӣ, ҷинояткорӣ ва вайрон кардани қоидаҳои будубош аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки метавонанд ба ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ сабаб шаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...