Думаи давлатӣ маҳдудиятҳои нав барои муҳоҷирон тасвиб кард

Думаи давлатии Русия рӯзи 13-уми май ду лоиҳаи қонунро дар қироати аввал қабул кард, ки қоидаҳои муҳоҷиратиро дар ин кишвар сахттар мекунанд.

Тавре расонаҳои русӣ хабар медиҳанд, раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин дар изҳороте гуфта, ки ҳадаф аз ин тағйирот “такмили сиёсати муҳоҷират” ва беҳтар кардани амнияти ҷамъиятӣ мебошад.

Тибқи яке аз лоиҳаҳо, шаҳрвандони хориҷие, ки доғи судии бекорнашуда ё адонашуда доранд, дигар наметавонанд шаҳрвандии Русия, иҷозаи зист (ВНЖ) ё иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) бигиранд. Ин қоида ба ҳамаи ҷиноятҳо, новобаста аз вазнинии онҳо, дахл дорад.

Лоиҳаи дуюм рӯйхати қонуншиканиҳоеро, ки метавонанд сабаби ихроҷи муҳоҷирон аз Русия шаванд, аз 22 то 43 модда зиёд мекунад.

Бино ба иттилои расонаҳо, ба ин рӯйхат акнун баъзе қонуншиканиҳои марбут ба фаъолияти сиёсӣ низ дохил шудаанд. Аз ҷумла, сухан дар бораи “беэҳтиромӣ ба артиш”, даъват ба таҳрим зидди Русия, намоиши рамзҳои ифротгароӣ ва паҳн кардани маводи мамнуъ меравад.

Нашрияи “Коммерсантъ” менависад, иштирок дар тазоҳуроти ғайриқонунӣ, вайрон кардани қоидаҳои ҳолати фавқулода ё майдаавбошӣ ҳам метавонанд барои ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ асос шаванд.

Мақомоти Русия мегӯянд, ки сабаби чунин тағйирот афзоиши қонуншиканиҳо миёни муҳоҷирон аст.

Бинобар оморҳои расми соли 2025 тақрибан 72 ҳазор муҳоҷир аз Русия ихроҷ шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.