Маъмурони КДАМ-и Тоҷикистон чанде аз муҳоҷирони афғонистониро, ки дар шаҳри Хуҷанд кору зиндагӣ мекарданд, бо вуҷуди будубоши қонунияшон ихроҷ карданд.
Як муҳоҷири афғонистонӣ бидуни зикри ном дар суҳбат бо расонаи “DW” мегӯяд, ки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ӯро бо чанде аз шаҳрвандони дигари Афғонистони муқими шаҳри Хуҷанд боздошт карда, бо онҳо бисёр муносибати ноинсонӣ карда, ҳамаи онҳоро ҳамроҳи хонаводаҳояшон аз кишвар ихроҷ карданд.
Ӯ мегӯяд: “Ҳамаи мо афғонҳоро соати 8-и субҳ дар назди бинои истиқоматӣ ҷамъ карданд, масъулини амният омаданд, ҳатто пулис набуд, ҳамаашон аз амнияту ҷамоати ҳамон маҳалла буданд. Ҳама аъзои хонаводаҳо, хурду калон, пиру ҷавонро ҷамъ карданд ва гуфтанд, ки асноди гурезагӣ ва шиносномаҳоятон низ ҳамроҳатон бошад. Аснодро тафтиш карданд ҳама қонунӣ буд.” Вале, ба гуфтаи ӯ, касеро нагузоштанд ба хонаҳояшон баргарданд, “ҳатто ҳеч кас натавонист либоси танашро иваз кунад.” Ҳамаро ба мошинҳо бор карда, аз марз берун карданд.
Ӯ мегӯяд, “вақте ҳамаро ҳамроҳи хонаводаҳо ба мошинҳо савор карданд ва ба Душанбе оварданд, пай бурдем, ки моро ихроҷ мекунанд. Мо тамоми зиндагӣ ва дороиҳои худро гузошта омада будем. Ва дар Афғонистон ҳам на хона дорему на моле.”
“Моро вақте то Душанбе меоварданд, дар ҳар мошин ду корманди амниятӣ мусаллаҳ ҳамроҳамон буд, ки касеро такон хӯрдан намемонанд. Мисле, ки дар дохили қафас бошӣ. Ҳамин хел то марзи Афғонистон оварданд. Ва мисле, ки як ҳайвона дар саҳро сар медиҳӣ, ҳамон гуна моро аз дарё ин тараф ихроҷ кардад.”, мегӯяд ин муҳоҷир.
Ӯ ҳамчунин меафзояд, ки ҳар қадар ки бо корманодони амниятӣ даъво кардем, ки мо тамоми зиндагии худро гузоштем омадем, дар Афғонистон чизе надорем ва чаро шумо бо ин гуна муомилаи ноинсонӣ мекунед? Дар ҷавоб мегуфтанд, моро фармон додаанд, ки шуморо ихроҷ кунем.
Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан муҳоҷирони афғонистонӣ аз “рафтори ғайриинсонӣ”-и мақомоти амниятии Тоҷикистон борҳо шикоят карда буданд, ки ҳангоми ихроҷи муҳоҷирон ҳатто барои онҳо иҷозати гирифтани васоилашонро ҳам намедиҳанд ва баъзе онҳо бо либоси корӣ баъзе дигарро бо либоси хонагӣ аз марз берун кардаанд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти КДАМ-и Тоҷикистон зери унвони “Посух ба муроҷиати шаҳрванди Афғонистон Муҳаммад Ҳаким Турсун” дар робита ба ихроҷи ахири гурӯҳи муҳоҷирони афӯонистонӣ иттилоияе тавассути “Ховар” нашр кардааст.
КДАМ дар посухи худ дар робита ба ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистон мегӯяд, ки дар Тоҷикистон даҳҳо ҳазор шаҳрванди Афғонистон дар фазои амну осоиш кору зиндагӣ мекунанд, аммо онҳое, ки ихроҷ шуданд, “новобаста аз шароити мавҷуда, аз ҷумла, макони созгори иқомат, ҷойи кор, таҳсил, амнияту осоиш талаботи қонунгузории кишварро дағалона вайрон намуданд.”
Дар ин иттилоияи КДАМ муҳоҷирони ихроҷшудаи Афғонистон ба ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, хушунатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбати ноболиғон, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои ба даст овардани мақоми паноҳандагӣ, ташкили марказҳои дилхушию қиморбозӣ ва ғайра муттаҳам мешаванд, ки сабаби ихроҷашон шудааст.
Мақомот аз ҷумла ин гурӯҳро ба пайравӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, алоқамандӣ бо созмону ташкилотҳои тахрибӣ ва кӯшиши ноором сохтани вазъияти кишвар низ муттаҳам кардаанд. Аммо КДАМ нагуфтааст, ки ин муҳоҷирон бо кадом гурӯҳҳои террористӣ ва тахрибӣ дар иртибот будаанд.
Дар иттилоияи КДАМ махсус ҷинояти куштори шаҳрванди Афғонистон Раҳмони Муҳаммадумар, ки шоми 30-юми апрели соли ҷорӣ рух дод, зикр шудааст. Гуфта мешавад, ӯ “сокини маҳаллаи Чашмаи шаҳри Хуҷанд Воҳидова Азизаи 29-соларо бо бераҳмии махсус ба қатл расонд.”
Ба гуфтаи КДАМ, чунин рафторҳои ғайриқонунии баъзе шаҳрвандони Афғонистон “бевосита ба амнияти кишвар таҳдид доранд” ва ин амалҳо боис гардиданд, ки онҳо ихроҷ шаванд.
Аммо ихроҷи гурӯҳии муҳоҷирони афғонистонӣ дар ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳои Афғонистон ва расонаҳои байналмилалӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Бисёриҳо ин иқдоми ҳукумати Тоҷикистонро “ҷазои гурӯҳӣ барои ҷинояти як нафар” номида, онро маҳкум карданд.
