27.9 C
Dushanbe

Мақомоти Тоҷикистон пардохтҳо миёни ҳамёнҳои электрониро таҳти назорат мегирад

Мақомоти Тоҷикистон тибқи як лоиҳаи озмоишӣ барои ошкор кардани соҳибкорони инфиродие, ки худро сабти ном накардаанд, назорати интиқолҳои маблағ байни ҳамёнҳои электрониро оғоз мекунад.

Тибқи фармони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди президенти Тоҷикистон ва қоидаҳои нав, агар интиқоли маблағ байни ҳамёнҳои электронии шахсони воқеӣ ҳамчун амалиёти тиҷоратӣ эътироф шавад, маблағи гирифташуда даромад ҳисобида шуда, аз он андоз ситонида мешавад.

Ҳамчунин бар асоси механизми алоҳида, агар ба як шахс дар давоми як шабонарӯз аз ҷониби шахсони гуногуни воқеӣ зиёда аз 10 пардохт ворид гардад, маълумот ба мақомоти андоз ирсол ва ин нафар ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта мешавад.

Пас аз сабтином шудани ин нафар ҳамчун соҳибкори инфиродӣ, андоз аз ҳамаи маблағҳои ба ҳамёни электронӣ воридшуда новобаста аз он ки хусусияти тиҷоратии ҳар як амалиёт тасдиқ шудааст ё на, ситонида мешавад.

Илова бар ин, система дар ҳолате низ ба мақомоти андоз маълумот пешниҳод мекунад, ки агар дар давоми як моҳ ба як шахс аз шахсони гуногуни воқеӣ зиёда аз 80 интиқол ворид шавад. Дар чунин вазъ мақомоти андоз 10 рӯз муҳлат барои санҷиш доранд, ки оё гиранда дар амал ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст ё на. Агар фаъолияти соҳибкорӣ тасдиқ гардад, шахс ба таври электронӣ ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта мешавад.

Фармон баъд аз нашри расмӣ мавриди амал қарор мегирад ва ба мақомот инчунин супориш дода шудааст, ки миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом диҳанд.

Ба назари бархе коршиносон, агар дар ҳолатҳои алоҳида чунин тадбир ба ошкор намудани гардиши пулии пинҳонӣ ва беҳтар шудани ҷамъоварии андоз мусоидат кунад, дар дигар ҳолатҳо метавонад боиси афзоиши фишори андозӣ ва маҳдуд шудани озодии истифодаи пардохтҳои электронӣ гардад. Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки дар сурати набудани меъёрҳои дақиқ, ҳатто интиқолҳои оддии шаҳрвандон метавонанд ҳамчун фаъолияти соҳибкорӣ арзёбӣ шуда, боиси мушкилоти иловагӣ барои аҳолӣ гардад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аз гуфтушунидҳои сатҳи баланди Амрикову Чин чӣ ҳосил мешавад?

Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп рӯзи 13-уми май бо як ҳайати бузурги сиёсӣ ва иқтисодӣ ба Чин сафар кард.

Думаи давлатӣ маҳдудиятҳои нав барои муҳоҷирон тасвиб кард

Думаи давлатии Русия рӯзи 13-уми май ду лоиҳаи қонунро дар қироати аввал қабул кард, ки қоидаҳои муҳоҷиратиро дар ин кишвар сахттар мекунанд.

Шикояти муҳоҷирони афғон: “Моро аз Тоҷикистон мисли як ҳайвон ронданд”

Маъмурони КДАМ-и Тоҷикистон чанде аз муҳоҷирони афғонистониро, ки дар шаҳри Хуҷанд кору зиндагӣ мекарданд, ихроҷ карданд.

Имзои 31 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Чин

Имзои 31 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Чин дар сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин нишон дод, ки Душанбе Чинро шарики стратегӣ ва такягоҳи асосии худ медонад.