Дар Лаҳистон як шаҳрванди 79-солаи Русия, ки дар доираҳои ҷиноятӣ бо номи “Вор в законе” маъруф будааст, боздошт шуд.
Гуфта мешавад, амалиёти боздошти ин шаҳрванди Русияро кормандони пулис дар ҳамроҳӣ бо Нерӯҳои марзбонӣ ва Ожонси амнияти дохилии Лаҳистон анҷом додаанд. Боздошти ӯ дар охири моҳи апрел дар вилояти Мазоветскии Лаҳистон сурат гирифтааст.
Ба иттилои Бюрои марказии тафтишотии пулиси Лаҳистон (CBŚP), боздоштшуда Владимир Д. ном дошта, ҳанӯз соли 1982 дар муҳити ҷиноятии шӯравӣ ба ҳамчун “Вор в законе” “тоҷгузорӣ” шинохта шудааст. Мақомот мегӯянд, ӯ эҳтимолан фаъолияти як гурӯҳи ҷиноятии муташаккилро дар Лаҳистон назорат мекард. Аз ҷумла, ӯ метавонад дар банақшагирӣ ва ташкили ҷиноятҳо ва ҳамчунин тақсими маблағҳои бадастомада аз фаъолияти ғайриқонунӣ нақш дошта бошад.
Мақомоти тафтишотии Лаҳистон мегӯянд, нисбат ба ин шахс аз ҷониби Интерпол “огоҳии сабз” (Green Notice) низ содир шуда буд. Ин навъи огоҳӣ барои кишварҳои узви Интерпол ҳушдор медиҳад, ки шахси мазкур метавонад барои амнияти ҷамъиятӣ хатар эҷод кунад.
Пас аз боздошт, мақомоти марзбонии Лаҳистон қарор карданд, ки ӯ аз кишвар ихроҷ карда шавад. Аммо азбаски ин мард ҳуҷҷати эътибордори сафар надоштааст, додгоҳ ӯро ба маркази нигаҳдории хориҷиён фиристодааст. Ӯ то замони муайян ва тасдиқ шудани ҳувияташ дар он ҷо нигоҳ дошта мешавад. Баъд аз ин, мақомоти Лаҳистон раванди ихроҷи ӯро оғоз хоҳанд кард.
