Бо парчами Фаластин ҳузур ёфтани футболбози ҷавон Ламин Ямал дар роҳпаймоие баҳсҳои зиёдеро миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва сиёсатмадорон ба бор овардааст.
11-уми майи соли ҷорӣ, ҳамлагари 18-сола Ламин Ямал дар раҳпаймоии ҷашнӣ барои қаҳрамонии бошгоҳи “Барселона” дар Ла Лига, бо парчами Фаластин ва инчунин бо пироҳане, ки дар он навишта шуда буд: “Худоро шукр, ки ман мадридӣ нестам” дида шуд.
Вазири мудофиаи Исроил Израил Катс дар шабакаи иҷтимоии “X” Ламинро барои бардоштани парчами Фаластин сахт танқид кард ва навиштааст, ки “Ламин Ямал тасмим гирифт алайҳи Исроил таҳрик андозад ва тухми нафрат бикорад, дар ҳоле ки гӯё сарбозони мо бо созмони террористии ҲАМОС мубориза мебаранд… Онҳое, ки чунин паёмҳоро дастгирӣ мекунанд, бояд аз худ бипурсанд: оё онҳо инро инсонӣ ва ахлоқӣ меҳисобанд?”
Ӯ иддао кардааст, ки ҳамчун вазири мудофиаи Исроил, дар баробари таҳрик алайҳи Исроил ва мардуми яҳудӣ хомӯш намемонад ва изҳори умедворӣ кардааст, ки бошгоҳи “Барселона” аз чунин амалҳо худро канор мегирад.
Худи бошгоҳ то ҳол расман дар ин бора изҳори назар накардааст. Аммо сармураббии он Ханси Флик зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки одатан омехта шудани варзиш ва сиёсатро ҷонибдорӣ намекунад, аммо ҳар бозигар ҳақ дорад мавқеи шахсии худро дошта бошад. Ҳамчунин ӯ таъкид кард, ки бо Ламин суҳбат кардааст ва гуфтааст, ки агар мехоҳад чунин кор кунад, ин қарори худи ӯст.
Дар ҳамин ҳол сарвазири Испания Педро Санчез аз ин футболбози ҷавон ҳимоят карда, дар шабакаи “X” навиштааст, ки “Онҳое, ки барафрохтани парчами давлатиро “барангехтани нафрат” меҳисобанд, ё аз ақл бегона шудаанд ё виҷдони худро аз даст додаанд”.
Сарвазир инчунин гуфта, ки Испания ҳамоно нишон медиҳад, ки инсонгароӣ ва ҳуқуқ ба худмуайянкунӣ арзишҳое ҳастанд, ки бояд бо онҳо ифтихор кард ва таъкид кардааст, ки Ламин на танҳо истеъдоди бузург дар майдон, балки садои миллионҳо нафар низ мебошад.
Сармураббии бошгоҳи Манчестер Ситӣ ва собиқ сармураббии бошгоҳи “Барселона” Пеп Гвардиола низ аз Ямал пуштибонӣ карда, зимни посух ба саволҳои рӯзноманигорон гуфт, ки варзишгарон набояд нисбат ба фоҷиаҳои инсонӣ бетараф бошанд.
“Футболбоз барои миллионҳо нафар намуна аст. Аз ин рӯ, назари ӯ аҳамият дорад ва дар ҳолати зарурӣ бояд шунида шавад. Аз мавқеи Ламин метавон ифтихор кард”, — изҳор дошт Гвардиола.
Мақомоти Исроил аз чеҳраҳои шинохтае, ки аз мардуми Фаластин, бахусус аз мушкилоти аҳолии Ғазза ҳимоят кардаанд ва парчами ин давлатро бардоштаанд, интиқоди шадид мекунад ва онҳоро ба “яҳудиситезӣ” муттаҳам мекунад.
