Меҳрона Ноибова 4-уми апрели соли ҷорӣ аз истироҳатгоҳи “Чорчаман”-и Дарвоз, ки бо ҳамроҳи ду корманди додситонӣ рафта буд, нопадид гашта, сипас ҷасадаш аз соҳили рӯди Панҷ пайдо шуд.
Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш хабар медиҳад, ки муфаттиш Фирӯз Саидзода, яке аз ду додситони ҳамроҳи ин духтари 23-сола, барои ба худкушӣ расонидани ӯ гунаҳкор дониста шуда, боздошт ва алайҳаш бар асоси моддаи 109-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст. Аммо гуфта нашудааст, ки корманд чӣ гуна ӯро ба худкушӣ расондааст.
Яке аз наздикони Меҳрона Ноибова рӯзи 17-уми апрел гуфта буд, “пайвандон ба худкушии ӯ бовар надоранд, аммо зери фишор ҳастанд, то ин фарзияро бипазиранд ва ба санадҳои парванда имзо гузоранд.”
Пас аз расонаӣ шудани ин ҳодиса дар 7-уми апрел соли ҷорӣ, додситонӣ ин ду кормандашро аз кор барканор кард. Бар асоси иттилои манобеи тафтишотӣ, он замон ривоятҳои ин ду корманди додситонӣ аз ин ҳодиса зидду нақиз ва шубҳаангез буд. Дар баёноти муттаҳамон якбор гуфта шуда, ки ӯ лағжида ба об афтодааст ва дар ривояти дигар гуфта шуда, ки ӯ худкушӣ кардааст.
Дар ҳоле ривояти худкушӣ аз ҷониби додситонӣ қабул гардидааст, ки пайвандони марҳум мегӯянд, дар ӯ ҳеч нишонаи нороҳатие дида намешуд, ки даст ба худкушӣ бизанад. Ҳамчунин гуфта мешавад, Меҳрона фарзанди хурдсол ва беморе дошту аз пайи табобаташ буд, ки ин боз ривояти худкуширо зери шубҳа мебарад.
Наздикони Меҳрона мегӯянд, ба таҳқиқи одилонаи ҳодиса шубҳа доранд ва асли воқеа пинҳон дошта шудааст. Солеҳамо, хоҳари бузурги Меҳрона дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хоҳараш шабона дар як тарабхонаи Душанбе чун раққоса кор мекард ва талоши табобати писарашро дошт. Вай ду бор шавҳар кардаву ҷудо шудааст. Ба иддаои Солеҳамо, вақтҳои ахир Меҳрона бо додситон Фирӯз Саидзода робита дошт ва ба истироҳатгоҳи “Чорчаман”-и Дарвоз ҳам бо даъвати ӯ ва ҳамроҳ бо чанд духтари дигар рафта буд.
Ҳоло гуфта мешавад, қазияро Додситонии ноҳияи Сино ҳамчун ҳодисаи худкушӣ таҳқиқ дорад дар ҳоле, ки наздикони марҳум зери фишор ҳастанд то ривояти расмиро бипазиранд ва шикоятҳояшон то ҳол суде надоштааст.
