29.9 C
Dushanbe

Пас аз нигарониҳо мақомот андозбандии интиқоли маблағ байни шаҳрвандонро рад кард

Мақомоти андози Тоҷикистон хабари ҷорӣ гардидани низоми андозбандии рақамиро ҳангоми истифодаи ҳамёнҳои электронӣ рад кард.

Пештар хабаре нашр шуд, ки гуфта мешуд, мақомоти кишвар мехоҳанд низоми андозбандиро барои соҳибкорони инфиродӣ ҳангоми истифодаи ҳаммиёнҳои электронӣ ва хидматрасониҳои рақамӣ ҷорӣ кунанд. Гуфта мешуд, эҳтимол ин низом метавонад шомили шаҳрвандоне шавад, ки байни ҳамдигар маблағ интиқол медиҳанд. Ин хабар вокуниши бархе сокинонро ба вуҷуд овард.

Дар посух ба ин нигарониҳо, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон посух дода, гуфтааст, ки интиқоли одии маблағ байни аъзои оила, дӯстон, наздикон ва дигар шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои электронӣ, барномаҳои мобилӣ ва дигар хидматрасониҳои рақамӣ мавриди андозбандӣ қарор намегирад.

Ба иттилои агентӣ, лоиҳаи озмоишии андозбандии рақамӣ асосан ба шахсоне дахл дорад, ки ба фаъолияти доимии соҳибкорӣ машғуланд, аммо расман ҳамчун соҳибкор ба қайд гирифта нашудаанд.

Мақомот мегӯянд, дар доираи лоиҳа як қатор тағйирот, аз ҷумла коҳиши меъёри андоз барои соҳибкорони инфиродӣ аз 6 то 3 дарсад, худкоркунии ҳисобу пардохти андоз ва омодасозии ҳисоботҳо пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин барои пардохтҳои ғайринақдӣ низоми “кешбэк” дар назар гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, соҳибкорони инфиродӣ борҳо аз баланд будани андозҳо ва санҷишҳои зиёди ниҳодҳои давлатӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.

Агентии омор низ гузориш додааст, ки танҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 6236 соҳибкор фаъолияти худро қатъ карда ё ба кори дигар гузаштаанд.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, дар сурати мушаххас набудани меъёрҳо ва тартиби татбиқи низоми нав, эҳтимол дорад мушкилот барои соҳибкорон ва истифодаи пардохтҳои электронӣ ба вуҷуд ояд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ба муҳоҷирони дорои доғи судӣ шаҳрвандии Русия дода намешавад

Дар Русия қоидаҳои гирифтани иқома ва шаҳрвандӣ барои муҳоҷирон боз ҳам сахттар мешаванд.

Идомаи пулҷамъкунӣ дар мактабҳо. Кӣ бояд пеши роҳи ин “ғорат”-ро бигирад?

Бо наздик шудани поёни соли таҳсил, масъулони мактабҳои миёна дар вилояти Хатлон хонандогон ва ҳатто омӯзгоронро маҷбур доранд, ки барои таъмири мактаб пул ҷамъ кунанд.

Корманди додситонӣ Меҳрона Ноибоваро ба худкушӣ расонд

Меҳрона Ноибоваи 23-сола 4-уми апрели соли ҷорӣ аз истироҳатгоҳи "Чорчаман"-и Дарвоз нопадид гашта, ҷасадаш аз соҳили рӯди Панҷ пайдо шуд.

Бо парчами Фаластин баромадани Ламин баҳсбарангез шуд

Бо парчами Фаластин ҳузур ёфтани футболбози ҷавон Ламин Ямал дар роҳпаймоие баҳсҳои зиёдеро миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва сиёсатмадорон ба бор овардааст.