Дар Русия қоидаҳои гирифтани иқома ва шаҳрвандӣ барои муҳоҷирон боз ҳам сахттар мешаванд.
Вакилони Думаи давлатӣ дар хониши аввал лоиҳаи қонунеро қабул карданд, ки ба шаҳрвандони хориҷии дорои ҳар гуна доғи судии бекорнашуда ё пардохтнашуда, новобаста аз вазнинии ҷиноят, шаҳрвандии Русия, иҷозати иқомати муваққатӣ ва доимӣ дода намешавад.
Гуфта мешавад, муаллифи лоиҳаи қонун ҳукумати Русия мебошад ва он баъд аз 180 рӯзи нашри расмӣ ба амал медарояд.
Тибқи қонунгузории амалкунанда, ҳоло танҳо шахсоне аз гирифтани “РВП”, “ВНЖ” ё шаҳрвандӣ маҳруманд, ки барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин доғи судии амалкунанда доранд ва лоиҳаи нави қонун пешниҳод мекунад, ки ин маҳдудият ба ҳамаи намудҳои ҷиноят татбиқ шавад.
Илова бар ин, шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандии аз 14-сола боло ҳангоми супоридани дархост барои РВП, РВП-и таълимӣ ё ВНЖ бояд маълумотнома дар бораи набудани доғи судӣ ё ҳуҷҷате бо маълумот дар бораи ҷинояти содиршударо пешниҳод намоянд.
Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар шарҳи ин хабар гуфта, ки лоиҳаи қонун ҳамчунин имкони бекор кардани ҳуҷҷатҳои аллакай додашударо дар ҳолате , ки маълум гардад, ки шаҳрванди хориҷӣ дар Русия ё хориҷ аз он доғи судии бекорнашуда дорад, пешбинӣ мекунад.
Дар айни замон, қоидаҳои нав ба онҳое, ки то мавриди амал қарор гирифтани қонун РВП, ВНЖ ё шаҳрвандии Русия гирифтаанд, татбиқ намешаванд.
Барои шаҳрвандони Украина давраи гузариши дусола пешбинӣ шудааст ва дар ин муҳлат онҳо метавонанд бинобар худдории мақомоти Украина аз додани чунин маълумотномаҳо барои Русия, санади набудани доғи судиро пешниҳод накунанд.
Пештар муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев моҳи апрели соли 2025 низ аз зарурати сахттар кардани сиёсати муҳоҷиратӣ гуфта, таъкид карда буд, муҳоҷироне, ки доғи судии бекорнашуда доранд, “ба амнияти давлат таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунанд”.
Қабули ин лоиҳаи қонун дар хониши аввал дар ҳолест, ки мақомоти Русия масъалаи ҷорӣ кардани тадбирҳои нави назоратиро дар соҳаи муҳоҷират баррасӣ доранд. Аз ҷумла аввали моҳи май ҳукумат ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунеро пешниҳод карда буд, ки дар он аз баланд бардоштани боҷҳои давлатӣ гуфта мешавуд ва пешниҳод шуда буд, ки маблағи боҷи қабул ба шаҳрвандии Русия қариб 12 баробар — аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл — зиёд карда шавад.
Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки рӯйхати ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки барои онҳо муҳоҷирон метавонанд аз кишвар хориҷ карда шаванд, аз 22 то 43 модда зиёд шавад ва ҷаримаҳо барои баъзе қонуншиканиҳо боло бурда шаванд.
Ба иддаои Вячеслав Володин, маҷмуи ин тадбирҳо барои пурзӯр кардани назорат бар муҳоҷират ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ равона шудааст.
