Дар пайи як ҳамлаи мусаллаҳона ба як масҷид дар шаҳри Сан-Диегои иёлати Калифорнияи Амрико се нафар кушта шуданд. Ба иттилои мақомоти амрикоӣ, ин ҳодиса рӯзи 18-уми май дар назди Маркази исломии Сан-Диего, яке аз бузургтарин масҷидҳои минтақа рух додааст.
Пулис мегӯяд, ду навраси мусаллаҳ ба сӯи мардум тир кушоданд, ки дар натиҷа се мард ҷон бохтанд. Дар байни қурбониён як корманди амниятии масҷид низ будааст. Мақомот таъкид карданд, ки маҳз дахолати ӯ сабаб шуд, ки пеши роҳи зиёд шудани шумори қурбониён гирифта шавад.
Баъд аз ҳамла, ҷасади ду гумонбар дар дохили мошине чанд кӯча дуртар аз маҳалли ҳодиса пайдо шуд. Тибқи фарзияи аввалияи тафтишот, онҳо пас аз анҷоми ҳамла худкушӣ кардаанд.
Мақомоти пулиси Сан-Диего ин ҳодисаро ҳамчун ҷинояти эҳтимолии “нафратангез” таҳқиқ мекунанд. Ба гуфтаи масъулон, дар мошин ва силоҳи ҳамлагарон навиштаҳо ва нишонаҳои зиддиисломӣ пайдо шудаанд.
Дар вақти рух додани ҳамла даҳҳо кӯдак ва намозгузорон дар дохили маркази исломӣ ҳузур доштанд, вале пулис онҳоро ба ҷойи амн интиқол додааст. Мақомот гуфтаанд, ҳамлагарон вориди бинои масҷид нашудаанд.
Роҳбарияти маркази исломӣ, мақомоти маҳаллӣ ва намояндагони ҷомеаи мусулмонони Амрико ин ҳамларо шадидан маҳкум карда, онро “амали ваҳшиёна ва ғайриқобили қабул” номиданд.
Дар барои муайян кардани ангеза ва ҷузъиёти бештари ҳодиса тафтишот идома дорад.
