27.9 C
Dushanbe

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро пас аз 90 сол ба Душанбе оварданд

Хоки Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммадро аз оромгоҳи Донскойи шаҳри Маскави Русия ба Тоҷикистон оварданд.

Суҳби 19-уми майи соли ҷорӣ, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи чанде аз мақомдорон ва горди фахрӣ барои қабули капсулаҳои хок аз маҳалли дафни ин қаҳрамонони Тоҷикистон ба Фурӯдгоҳи Душанбе рафта буд.

Пас аз маросими расмӣ, ҷанозаи ин се шахсияти шинохтаи Тоҷикистон дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе хонда шуд ва капсулаҳо дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурданд.

Бояд гуфт, овардани хок аз маҳалли дафни ин қаҳрамонон аз Русия ба Тоҷикистон агарчи аз ҷониби расонаҳои ҳукуматӣ ҳамчун рӯйдоди таърихӣ, рамзи пирӯзии ҳақиқат, эҳёи адолати таърихӣ ва гиромидошти хотираи фарзандони содиқи миллат гуфта ва таъкид шуда истодааст, ки “дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад”, аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва чеҳраҳои шинохта онро бештар худнамоии режими имрӯзаи Тоҷикистон унвон кардаанд.

Аз ҷумла, Додоҷон Атовуллоев, раҳбари ҳаракати сиёсии “Ватандор” дар саҳфаи фейсбукиаш навиштааст, ки “Хоки мурдаҳоро овардан ва хоки зиндаҳоро бехтан, ба ҷуз худнамоӣ ва ба чашми авомуннос хок задан дигар чизе нест!.” Ӯ ҳамчунин афзуда, ки “Муҳимтар аз ҳама на Шириншо Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад ҳеч вақт дар орзуи чунин Тоҷикистоне набуданд, ки ҳолиё ҳаст!”.

Ин мухолифи тоҷик бар ин бовар аст, ки “агар онҳо зинда мебуданд, ҳатман дар сафи оппозитсия қарор мегирифтанд ва шояд ъумри ин низоми асримиёнагӣ бармаҳал ба поён мерасид”.

Гуфта мешавад, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад аз бузургтарин ва таъсиргузортарин чеҳраҳои таърихи муосири Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, соли 1937 қурбонии туҳматҳои беасоси низоми Иосиф Сталин шуданд. Онҳоро беасос душмани халқ номида ва бераҳмона паронданд ва дар гӯри дастаҷамъӣ ба хок супуранд. Аммо баъди марги Сталин, дар солҳои 1950-ум расман бегуноҳ эълон шуданд.

Соли 2006 ба Нусратулло Махсум, аввалин раҳбари давлати Тоҷикистон ва Шириншо Шотемур, раиси Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд ва яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе ба номи Нисор Муҳаммад, аввалин вазири маорифи Тоҷикистон гузошта шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кушта ва захмӣ шудани чанд нафар дар пайи ҳамла ба масҷиде дар Амрико

Дар пайи як ҳамлаи мусаллаҳона ба як масҷид дар шаҳри Сан-Диегои иёлати Калифорнияи Амрико се нафар кушта шуданд.

Сулҳ ё ҳамла? Трамп боз аз пешрафти музокирот бо Эрон хабар дод

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз таъхири ҳамлаи тарҳрезишуда ва "таҳаввули бисёр мусбат" аз раванди музокирот бо Эрон хабар дод.

Ба муҳоҷирони дорои доғи судӣ шаҳрвандии Русия дода намешавад

Дар Русия қоидаҳои гирифтани иқома ва шаҳрвандӣ барои муҳоҷирон боз ҳам сахттар мешаванд.

Идомаи пулҷамъкунӣ дар мактабҳо. Кӣ бояд пеши роҳи ин “ғорат”-ро бигирад?

Бо наздик шудани поёни соли таҳсил, масъулони мактабҳои миёна дар вилояти Хатлон хонандогон ва ҳатто омӯзгоронро маҷбур доранд, ки барои таъмири мактаб пул ҷамъ кунанд.