28.9 C
Dushanbe

Масъулони обуҳавошиносӣ аз боришот ва ҷорӣ шудани селҳо ҳушдор медиҳанд!

Дар қисми зиёди ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз имрӯз то 25-уми май бо сабаби бориши зиёд омадани сел пешгӯйӣ шудааст. 

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи номусоиди обу ҳаво ҳушдор дода, ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар чунин вазъи нохуби обу ҳаво эҳтиёт кунанд. 

Бино ба гузориши агентӣ, пешгӯии сар задани сел дар  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Ҳамзамон дар дарёҳои Исфара, Зарафшон, Обихингоб, Вахш, Панҷ, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест. 

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли рух додани раъду барқ вуҷуд дорад. Ва инчунин барои вилояти Суғд ҳам ҳамин гуна вазъи обу ҳаво пешбинӣ мешавад. вале дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ боришоти сахту омадани селҳо пешгӯӣ нашудааст.

Тоҷикистон ҳамасола дар фаслҳои боронӣ ҳаводиси табиӣ ва баъзан хатарнок ба монанди сел, раъду барқ ва резиши водиҳоро аз сар мегузаронад, ки гоҳо ба марги шаҳрвандон меанҷомад.

Аввали ин моҳ дар пайи раъду барқи ваҳшатнок ва ғайримаъмул дар деҳаи Кадучии шаҳри Турсунзода як ноболиғ ҷон бохта, ду ноболиғи дигар ҷароҳат бардошта буданд.

Навҷавонон Ҷумъабек Қаҳҳоров, Ҷасур Тилаков ва Санҷар Юлдошев, се хонандаи синфи 11 яке аз мактабҳои шаҳри турсунзода ҳангоми сайру гашт дар кӯҳҳои атрофи деҳа ногаҳон даргири гирдбоди ҳамроҳ бо раъду барқ шуданд. 

Ба гуфтаи яке аз ноболиғон гирдбод онҳоро ба ҳаво бардошта буд, ки ҳамзамон раъду барқ ба онҳо исобат кард.

Замоне ки аҳолии деҳа ба суроғи онҳо рафтанд, Санҷар Юлдошев алакай даргузашта буд, аммо рафиқонаш беҳуш ба замин афтода буданд.

Дар чунин ҳолатҳо аз сокинон хоста мешавад, ки дар ин чанд рӯзи оянда дар чорвочаронӣ, сайругашт, шикор дар  доманакӯҳҳо, соҳилҳо ва дигар манотиқи зикшуда эҳтиёткор бошанд ва дар сурати зарурӣ худдорӣ кунанд.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти рӯҳониён дар Русия

Дар чанде аз шаҳрҳои Федератсияи Русия намояндагони идораҳои динии мусулмонон аз ҷониби мақомот боздошт шуданд.

Пулҷамъкунӣ “ихтиёрӣ” буд ё “маҷбурӣ”? Вокуниши Шуъбаи маорифи Ёвон ба матлаби Azda.tv

Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон ҷамъоварии иҷбории маблағ аз хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №9 ва №10-и ин ноҳияро рад кард.

Рӯзи баргузории Иди Қурбон дар Тоҷикистон маълум шуд

Имсол дар Тоҷикистон иди саиди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мегардад. Ба ин муносибат сокинони кишвар як рӯз истироҳат хоҳанд кард.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро пас аз 90 сол ба Душанбе оварданд

Хоки Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммадро аз оромгоҳи Донскойи шаҳри Маскави Русия ба Тоҷикистон оварданд.