Ба иттилои мақомоти расмӣ, суръати рушди аҳолӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст.
Агентии омори Тоҷикистон зимни нашри омори расмӣ мегӯяд, бо вуҷуди афзоиши умумии аҳолӣ, нишондиҳандаи рушди он 1,1 дарсад камтар шудааст. Мувофиқи маълумоти ин ниҳод, то 1-уми апрели соли ҷорӣ шумораи аҳолии кишвар ба 10 миллиону 767 ҳазору 900 нафар расида, дар маҷмуъ аҳолии Тоҷикистон аз аввали сол қариб 49 ҳазор нафар зиёд шудааст.
Агентӣ мегӯяд, дар аксари минтақаҳои кишвар коҳиши таваллуд ба назар мерасад. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон шумораи таваллудҳо 1,6 дарсад, дар шаҳри Душанбе 8,9 дарсад ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 11,2 дарсад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар шудааст.
Дар ҳамин ҳол, танҳо дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ афзоиши таваллуд сабт гардидааст. Ба гуфтаи мақомот, дар вилояти Суғд шумораи таваллудҳо 1,1 дарсад ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5,8 дарсад бештар шудааст.
Сабабҳои аслии коҳиши таваллуд дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон то ҳол аз сӯи мақомоти расмӣ шарҳ дода нашудааст.
Ҳамзамон, тибқи гузориши Агентии омори Тоҷикистон, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар кишвар 9 ҳазору 100 ҳолати фавт сабт шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 дарсад бештар мебошад. Ба иттилои манбаъ, афзоиши фавт қариб дар ҳамаи минтақаҳои кишвар мушоҳида мегардад.
Бархе ҷомеашиносон бар ин назаранд, ки коҳиши суръати таваллуд метавонад ба омилҳои иқтисодӣ, муҳоҷират, гаронии зиндагӣ ва норӯшан будани ояндаи ҷавонон вобаста бошад. Ба гуфтаи онҳо, чунин омилҳо метавонанд боиси даст кашидани оилаҳо аз тасмими фарзанддор шудан гардад ва дар дарозмуддат ба раванди демографии кишвар низ таъсир гузоранд.
