Боздошти як муҳоҷири тоҷик дар Русия бо ҷурми қочоқи зиёди маводи мухаддир

Дар вилояти Сахалини Русия як шаҳрванди 55-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми талоши фурӯши маводи мухаддир боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Бино ба гузориши расмии Раёсати корҳои дохилии вилояти Сахалин, гумонбаршуда шаҳрвнади Тоҷикистон ва соли таваллудаш 1971 мебошад. Ӯ ҳангоми иҷрои амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони пулис дастгир карда гардид. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, аз гумонбаршуда дар умум беш аз 500 бастаи омодаи фурӯш мусодира шудааст. Ба иттилои тафтишот, боздоштшуда қасд доштааст онҳоро тавассути усули пинҳонкорӣ паҳн кунад.

Ҳамчунин тафтишот гуфтааст, ки ҳангоми боздошт ва кофтуков аз тани гумонбар 19 бастаи коғазии дорои моддаи хокаи ҷигарранг дарёфт шуд. “Ташхиси криминалистӣ собит намуд, ки ин модда ҳероин буда, вазни умумии он 9,39 граммро ташкил медиҳад.”

  • Ва пас аз он дар ҷараёни кофтукови фаврии манзили зисти умумии гумонбаршуда, кормандони пулис боз 491 бастаи дигари шабеҳро кашф намуданд. Вазни ин қисми маводи мухаддир 121,54 грамм арзёбӣ шуд. Ба ин тартиб, ҳаҷми умумии маводи мухаддири мусодирашуда аз 130 грамм бештар арзёбӣ шудааст, ки тибқи қонунгузории Русия “андозаи махсусан калон” ҳисобида мешавад.

Гуфта мешавад, бар зидди боздоштшуда бо иттиҳоми “кӯшиши фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон” парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, бо қарори додгоҳ ӯ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Дар сурати исботи гуноҳ, гумонбар метавонад ба ҷазои тӯлонии зиндон маҳкум шавад.

То ҳанӯз назари боздоштшуда ва ё вакили дифоаш дастрас нест. Ва маълум нест то куҷо гумонбар ба ин ҷумр эътироф кардааст. Ҳамзамон тафтишот аз ӯ ном набурдааст ва зодаи кадом ноҳияи кишвар буданаш низ гуфта нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.