Дар ноҳияи Данғара як корманди Шабакаи тақсимоти барқ бо гумони фиреб ва расондани зарар ба аҳолӣ дастгир карда шуд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гумонбар Раҳимов М.С. сокини 32-солаи ноҳияи Данғара ва нозири Ҷамъияти саҳҳомии “Шабакаҳои тақсимоти барқ” мебошад.
Гуфта мешавад, ӯ бо тағйир додани маълумот дар системаҳои компютерии шабака ба ҳисоби сокинони деҳаи Меҳтари ноҳияи Данғара зиёда аз 73 ҳазор киловат-соат барқи иловагӣ ворид кардааст. Дар натиҷа ба муассиса зиёда аз 30 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ расидааст.
Нисбат ба гумонбар бо иттиҳоми сохтакорӣ ва тағйир додани иттилооти компютерӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Дар солҳои охир масъалаи истифода ва ҳисоббарории нерӯи барқ дар Тоҷикистон пайваста мавриди баҳсу нигаронӣ қарор дорад. Бисёре аз сокинон аз баланд будани маблағи ҳисобҳои барқ ва номувофиқатии он ба ҳаҷми воқеии истеъмолшуда шикоят мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, дар баъзе ҳолатҳо маблағи барқ бе асос зиёд нишон дода мешавад, ки ин боиси норозигии аҳолӣ мегардад.
Дар баробари ин, дар кишвар ҳолатҳои қатъшавии барқ, махсусан дар фаслҳои сард ё ҳангоми маҳдудиятҳои таъминот, дар баъзе минтақаҳо ба мушоҳида мерасад, ки ба зиндагии мардум низ таъсири манфӣ мерасонад.
Мақомоти расмӣ дар бисёр мавридҳо ин масъаларо ба истифодаи зиёди нерӯи барқ аз ҷониби аҳолӣ ва напардохтани саривақтии маблағи он рабт медиҳанд.
Аммо бархе аз шаҳрвандон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бар ин назаранд, ки мушкил на танҳо дар истифодаи барқ аст, балки дар ҳисоббарории нодуруст, дасткорӣ дар системаҳо ва дар баъзе ҳолатҳо дар кори кормандони масъули соҳа низ вобаста мебошад. Онҳо мегӯянд, ки чунин омилҳо боис мешаванд, ки дар ҳисобҳои барқ хатогиҳо ва зиёднависӣ ба вуҷуд ояд.
Ин масъала солҳо боз дар маркази баҳсҳо қарор дошта, ҳам аз ҷониби ҷомеа ва ҳам мутахассисон зарурати шаффофият ва беҳтар шудани низоми назорат дар соҳаи энергетика таъкид мешавад.
