26.9 C
Dushanbe

Эванс: Валиаҳди Саудӣ “ҳамин имрӯз” Исроилро эътироф мекунад

Баъзе мақомоти амрикоӣ мегӯянд, бо валиаҳди Арабистони Саудӣ гуфтугӯ доштаанд ва ӯ барои эътирофи Исроил изҳори омодагӣ кардааст.

Майк Эванс, яке аз муттаҳидони наздики президенти ИМА Доналд Трамп, гуфтааст, ки валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон омода аст Исроилро ба расмият бишиносад, аммо монеаи асосӣ ба гуфтаи ӯ, подшоҳ Салмон мебошад.

Ба навиштаи The Jerusalem Post, Эванс ин изҳоротро зимни сафараш ба Исроил баён кардааст. Ӯ гуфтааст, ки дар мулоқоти хусусӣ бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳд изҳор доштааст, ки “ҳамин имрӯз” метавонад Исроилро эътироф кунад.

Эванс, ки раҳбари созмони “Friends of Zion” ва аз ҷонибдорони маъруфи Исроил дар миёни масеҳиён ба ҳисоб меравад, гуфтааст, мулоқоти ӯ бо валиаҳди Саудӣ ду соат идома кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин нишаст бародари Муҳаммад бин Салмон ва вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ низ ҳузур доштаанд.

Нашрияи мазкур таъкид кардааст, ки ин иддао то ҳол аз ҷониби манбаъҳои мустақил тасдиқ нашудааст.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки талошҳо барои густариши “Паймони Иброҳим” ва ба роҳ мондани равобити дипломатӣ миёни Исроил ва кишварҳои арабӣ идома доранд. Вале мақомоти Арабистони Саудӣ қаблан борҳо таъкид карда буданд, ки Риёз бидуни таъсиси давлати мустақили Фаластин ва ҳалли масъалаи фаластиниён, равобити расмӣ бо Исроил барқарор нахоҳад кард.

Муҳаммад бин Салмон низ дар изҳоротҳои пешинааш гуфта буд, ки масъалаи Фаластин барои Арабистони Саудӣ аҳамияти калидӣ дорад ва ҳар гуна созиш бояд ҳуқуқи фаластиниёнро дар назар бигирад.

Ин дар ҳоле аст, Доналд Трамп рӯзи гузашта дар шабакаи иҷтимои “ТRUTH” навишт, пас аз тавофуқи сулҳ бо Эрон кишварҳои арабӣ ва исломӣ бояд ба “Паймони Иброҳим” ҳамроҳ шаванд ва равбити дипломатиро бо Исроил ба роҳ монанд.

Трамп иддао кард, ки ҳоло музокирот бо Эрон “хуб” пеш меравад ва ин метавонад ё ба як “созишномаи бузург ва таърихӣ” барои тамоми минтақа бианҷомад. Вале таҳдид ҳам кард, ки агар тавофуқ ҳосил нашавад, бо Эрон вориди даргирии муҷаддад мешавад ва боз ҳам минтақа ноором боқӣ хоҳад монд.

Раисҷумҳури Амрико барои таъмини амният ва сулҳу субот дар минтақа пайвастани тамоми кишварҳои арабӣ ва исломӣ ба “Паймони Иброҳим” ва оддӣ сохтани равобит бо Исроилро шарт медонад. Трамп пешниҳод карда, ки бояд кишварҳои минтақа, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Қатар, Туркия, Миср, Урдун ва дигарон ба “Паймони Иброҳим” ҳамроҳ шаванд. Ба гуфтаи ӯ, ин паймон метавонад сулҳ, ҳамкорӣ ва рушди иқтисодиро дар Ховари Миёна “ба таври бесобиқа” тақвият диҳад. Ӯ ҳамчунин мегӯяд, дар сурати раисдан ба тавофуқ бо Эрон, ҳатто он ҳам метавонад дар оянда ба ин паймон шомил гардад.

Вале ба назари таҳлилгарон, хомӯшӣ ва вокуниш накардани кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар баробари ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза ва Лубнон имрӯз Трампро ба ин водор кард, ки кишварҳои минтақаро маҷбур созад барои таъмини сулҳу субот бояд бо Исроил равобити дипломатиашонро оддӣ созанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иди Қурбон муборак бошад!

Тамоми кишварҳои исломӣ рӯзи чоршанбе, 27-уми май Иди саиди Қурбонро ҷашн мегиранд. Дар Тоҷикистон низ фардо ин ид ҷашн гирифта мешавад.

Афзоиши шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Лаҳистон

Лаҳистон тадриҷан ба яке аз самтҳои нави муҳоҷирати корӣ барои зодагони Осиёи Марказӣ табдил ёфта истодааст.

Танҳо 41 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад то соли 2040 сатҳи дастрасии аҳолиро ба шабакаи оби ошомиданӣ то 90 дарсад афзоиш диҳад.

Корманди шабакаи барқ дар Данғара бо гумони қаллобӣ боздошт шуд

Дар ноҳияи Данғара як корманди Шабакаи тақсимоти барқ бо гумони фиреб ва расондани зарар ба аҳолӣ дастгир карда шуд.