30.9 C
Dushanbe

Семент дар бозорҳо камёб шудаст. Нархи хонаҳо ҳам гарон мешавад?

Чандест дар бозорҳои кишвар муҳимтарин маводи сохтмонӣ – семент камёб шуда, нархи он ҳам назар ба моҳҳои пеш хеле гарон шудааст.

Дар пасманзари камчин шудани семент ва гарон шудани бесобиқаи нархи он дар бозорҳои Тоҷикистон, рӯзи 28-уми май Эмомали Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат дастур додааст, ки дар чанд минтақаи кишвар чор корхонаи нави истеҳсоли семент сохта шавад.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои нав бояд то соли 2029 ба истифода дода шаванд. Иқтидори умумии онҳо 6 миллион тонна арзёбӣ шуда, гуфта мешавад, ки наздики 5 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.

Ин тасмим дар ҳолест, ки сокинон аз гарон шудани семент нигаронӣ мекунанд. Агар чанд ҳафта пеш як халта семент бо қимати 45–50 сомонӣ фурӯхта мешуд, ҳоло нархи он дар баъзе ҷойҳо ба 70–80 сомонӣ расидааст. Дар баъзе нуқтаҳои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар Душанбе ҳатто камбуди семент мушоҳида мешавад.

Гуфта мешавад, аз кор мондани баъзе корхонаҳои истеҳсоли семент дар мавсими кору биносозӣ яке аз сабабҳои асосии камбуди ин мавод дар бозор шудааст. Ҳамчунин фаъолияти миёнаравҳо низ ба болоравии нархи семент таъсир расонда, дар баъзе ҳолатҳо боиси гарон шудани семент гардидааст.

Аксари корхонаҳои семент дар Тоҷикистон бо сармоя ва технологияи Чин сохта шудаанд. Ҳоло маълум нест, ки чор корхонаи нави эълоншуда аз ҳисоби кадом сармоя ва ё бо иштироки кадом кишварҳо бунёд хоҳанд шуд.

Коршиносон мегӯянд, идомаи гароншавии нархи семент метавонад ба бозори манзил таъсири ҷиддӣ расонад. Ба бовари онҳо, гарон шудани масолеҳи сохтмонӣ эҳтимол қимати хонаҳоро боло бурда, пеш аз ҳама ба ҷайби сокиноне зарба мезанад, ки мехоҳанд хонаи шахсии худро бунёд кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оё Тоҷикистон ба хатти форсӣ бармегардад?

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми май дар ҷаласаи Ҳукумат ба масъулони соҳаи маориф супориш додааст, ки сифати таълими "алифбои ниёгон"-ро дар муассисаҳои таълимии кишвар беҳтар кунанд.

Иди Қурбон муборак бошад!

Тамоми кишварҳои исломӣ рӯзи чоршанбе, 27-уми май Иди саиди Қурбонро ҷашн мегиранд. Дар Тоҷикистон низ фардо ин ид ҷашн гирифта мешавад.

Афзоиши шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Лаҳистон

Лаҳистон тадриҷан ба яке аз самтҳои нави муҳоҷирати корӣ барои зодагони Осиёи Марказӣ табдил ёфта истодааст.

Эванс: Валиаҳди Саудӣ “ҳамин имрӯз” Исроилро эътироф мекунад

Баъзе мақомоти амрикоӣ мегӯянд, бо валиаҳди Арабистони Саудӣ гуфтугӯ доштаанд ва ӯ барои эътирофи Исроил изҳори омодагӣ кардааст.