Танишҳо низомӣ миёни Исроил ва гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон шиддат гирифтааст. Исроил ҳамлаҳои худро ба умқи Бейрут бештар кард.
Рӯзи душанбе, 1-уми июн нахуствазири Исроил Бинёмин Натанёҳу дастури анҷоми ҳамлаҳои нав ба минтақаҳои ҷанубии Бейрут, аз ҷумла маҳаллаи Зоҳияи Ҷанубиро, ки Исроил ин минтақаро пойгоҳи асосии “Ҳизбуллоҳ” медонад, содир кард.
Артиши Ироил субҳи рӯзи душанбе ба сокинони 9 деҳа дар Зоҳияи Ҷанубии Бейрут ҳушдор дода, ки хонаҳои худро тарк кунанд. Ҳамзамон артиши ин кишвар наворҳое нашр кард, ки дида мешавад, барои бори аввал тонкҳои низомии он дарёи Литониро убур мекунанд ва ба умқи Лубнон ворид мешаванд.
Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки талошҳои дипломатӣ барои барқарории оташбаси пойдор миёни тарафҳо ба мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ шудааст.
Ба гуфтаи мақомоти исроилӣ, густариши ҳамлаҳои низомӣ ба Лубнон дар посух ба партоби мушакҳо ва ҳамлаҳои ахири “Ҳизбуллоҳ” ба шимоли Исроил мебошанд. Ҳамзамон артиши Исроил амалиёти заминии худро дар ҷануби Лубнон густариш дода, бар қалъаи таърихии Бофорт ва чанд нуқтаи стратегии дигар тасаллут пайдо кардааст. Ин пешравӣ амиқтарин нуфузи нерӯҳои исроилӣ ба дохили Лубнон аз соли 2000 ба ин сӯ арзёбӣ мешавад.
Дар пайи ҳушдорҳои артиши Исроил, ҳазорон сокини ҷануби Бейрут маҷбур шуданд маҳалли зисти худро тарк кунанд. Созмонҳои байналмилалӣ аз эҳтимоли афзоиши буҳрони инсонӣ ҳушдор медиҳанд. Тибқи гузоришҳо, аз оғози марҳилаи нави даргириҳо беш аз як миллион нафар дар Лубнон овора шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Иёлоти Муттаҳида талош дорад аз тариқи пешниҳоди нақшаи нави дипломатӣ аз густариши ҷанг пешгирӣ кунад. Тибқи ин пешниҳод, “Ҳизбуллоҳ” бояд ҳамлаҳо ба Исроилро қатъ кунад ва дар муқобил Телавив аз густариши амалиёт дар Бейрут худдорӣ намояд. Аммо мақомоти Лубнон мегӯянд, ҳар гуна оташбас танҳо дар сурате имконпазир аст, ки Исроил фавран ҳамлаҳои худро қатъ кунад.
Манобеи дипломатӣ мегӯянд, ки музокироти мустақими Исроил ва Лубнон, ки бо миёнҷигарии Вашингтон аз моҳи апрел оғоз шуда буданд, ҳанӯз идома доранд ва қарор аст даври нави онҳо ҳафтаи оянда дар Вашингтон баргузор шавад. Бо вуҷуди ин, шиддат гирифтани амалиёти низомӣ дурнамои муваффақияти ин музокиротро зери суол бурдааст.
Коршиносон бар ин назаранд, ки густариши ҳамлаҳои Исроил ба атрофи Бейрут метавонад музокиротро ба бунбаст мувоҷеҳ кунад. Ба назари онҳо, ҳатто хавфи он вуҷуд дорад, ки ин даргириҳо ба талошҳои дипломатӣ барои коҳиши танишҳо миёни Вашингтон ва Теҳрон низ таъсири манфӣ расонад. Ҳамчунин таъкид мешавад, ки дар сурати идомаи ин вазъият эҳтимол Лубнон бори дигар ба яке аз нуқтаҳои асосии буҳрони амниятӣ дар Ховари Миёна табдил ёбад.
