23.9 C
Dushanbe

Муаллимро заданд ва алайҳаш парванда боз карданд

Мақомот бар зидди омӯзгоре, ки аз ҷониби бародари шогирдаш мавриди латтукӯб қарор гирифта ва шикоят карда буд, парвандаи маъмурӣ боз кардаанд.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш навиштааст, ки нисбати омӯзгори ҷавон Муҳимҷон Раҳмонов аз ноҳияи Нуробод бар асоси қисми 3-и моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне иҷро накардани уҳдадорӣ дар мавриди таълиму тарбияи кӯдак ё истифода аз зӯроварӣ парванда боз шудааст.

Омӯзгор ба он муттаҳам мешавад, ки гӯё нисбати хонандае, ки бародараш Муҳимҷонро зад, алфози қабеҳ истифода бурда бошад.

Гуфта мешавад, парвандаи маъмурӣ нисбати ин омӯзгори ҷавон бояд 1-уми июн дар Додгоҳи ноҳияи Нуробод баррасӣ мешуд, аммо бо сабаби дар сафари корӣ будани муовини раиси ноҳия ва мудири шуъбаи маориф мурофиа ба рӯзҳои баъдӣ гузошта шуд.

То ҳол назари ҳукумати ноҳия ва Шуъбаи маорифи Нуробод дар ин бора дастраст нест ва маълум нест, ки нисбат ба соҳибкор Миралӣ Орзуев, ки ба латтукӯб кардани омӯзгор гумонбар аст, парванда боз шудааст ё на.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки ин омӯзгори ҷавон дар бистари беморӣ аз латтукӯбу таҳқир шуданаш аз ҷониби бародари як хонанда қисса мекард.

Муҳимҷон Раҳмонов, омӯзгори мактаби №1-и ноҳияи Нуробод дар ин навор гуфт, ки баъди сарзаниши хонанда барои гапгардонӣ бародари шогирдаш ӯро ба мошин савор карда, бо мушту лагад зада, таҳдид ба куштан карда ва таҳқир намуда гуфтааст, “падару модаратро фалон мекунам” ва сипас ба рӯяш туф кардааст.

Соҳибкор Миралӣ Орзуев, ки дар латтукӯби омӯзгор гумонбар мебошад, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки омӯзгорро назадааст, балки танҳо суҳбат карданд. Ҳамчунин директори мактабе, ки Муҳимҷон дар он кор мекунанд, аз ин ҳодиса изҳори бехабарӣ кардааст.

Иддаои соҳибкор ва бехабарии директори мактаб дар ҳолест, ки ташхиси тиббӣ осеб дидани омӯзгорро тасдиқ кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Трамп дар хитоб ба Натанёҳу: “Ту девона шудаӣ”

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар як тамоси телефонӣ Бинёмин Натанҳоё, нахуствазири Исроилро бо лаҳни тунд сарзаниш кардааст.

Боронҳои шадид ба шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ осеб расонданд

Рӯзи 1-уми июн бар асари бориши шадиди борон дар километрҳои 138 то 143-и шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ селоб рух дода, ҳаракатро мушкил сохт.

Нархи семент дар бозорҳои Тоҷикистон арзон шуд

Нархи семент дар бозорҳои Тоҷикистон пас аз болоравии бесобиқа дар рӯзҳои охир каме коҳиш ёфтааст.

Озодии ду узви собиқи раёсати олии ҲНИТ

Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов, ду узви собиқи раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз зиндон озод шуданд.