Рӯзи 1-уми июн бар асари бориши шадиди борон дар километрҳои 138 то 143-и шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ селоб рух дод. Дар пайи ин ҳодиса ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи мазкур муваққатан мушкил гашт.
Ширкати масъули нигоҳдорӣ ва истифодаи шоҳроҳ – Innovative Road Solutions Ltd хабар дод, ки барои бартараф намудани паёмадҳои офати табиӣ техника ва мутахассисон фавран ба маҳалли ҳодиса сафарбар шуданд.
Ба иттилои ширкат, оқибатҳои сел дар муҳлати кӯтоҳ бартараф гардида, ҳаракати нақлиёт дар ин қитъаи роҳ пурра барқарор шудааст. Дар натиҷаи ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Масъулони ширкат мегӯянд, рӯзҳои охир боришоти шадид дар минтақаҳои гуногуни кишвар, бахусус дар масири Душанбе–Чаноқ, боиси сар задани селобҳо, сангрезӣ, нишасти роҳ ва ярчҳо гардидааст. Ба гуфтаи онҳо, оқибатҳои ҷиддитарини ин падидаҳои табиӣ дар ноҳияи Варзоб ва водии Зарафшон мушоҳида шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки роҳи Душанбе–Чаноқ ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон буда, пойтахтро бо вилояти Суғд мепайвандад. Ин шоҳроҳ солҳои 2009–2010 бо сармоягузории як ширкати чинӣ ва бо маблағи тақрибан 296 миллион доллари амрикоӣ бозсозӣ ва ба истифода дода шудааст.
Бо вуҷуди фаъолияти беш аз понздаҳсолаи ин роҳ, ҳукумати Тоҷикистон то ҳол дар бораи сохтор ва молики асосии он маълумоти муфассал пешниҳод накардааст. Ҳамчунин маълум нест, ки даромад аз ҳаққи истифодаи роҳ чӣ гуна ва дар кадом самтҳо масраф мешавад.
Дар гузашта баъзе коршиносони мустақил дар бораи эҳтимоли иртиботи даромадҳои роҳ бо Ҷамолиддин Нуралиев, домоди Президенти Тоҷикистон, фарзияҳо матраҳ карда буданд. Аммо мақомоти давлатӣ ва намояндагони ширкати масъули роҳ ин иддаоҳоро расман шарҳ надодаанд.
