Шаҳрванди Афғонистон дар Ваҳдат бо гумони куштани падараш боздошт шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванди 25-солаи Афғонистон бо гумони куштани падараш дар шаҳри Ваҳдат хабар дод.

Ба иттилои мақомот, Давлатзода Парвиз рӯзи 1-уми июн бо падари 52-солааш муноқиша карда, дар ҷараёни даргирӣ падарро бо ду зарби корд захмӣ кардааст, ки падар бар асари ҷароҳатҳои бардошта ҷон бохтааст.

Ҳодиса дар назди як дӯкони фурӯши мева дар кӯчаи Сомонии шаҳри Ваҳдат рух додааст. Мақомот мегӯянд, гумонбар дастгир шуда, бар зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Сабаби муноқиша байни падару писар то ҳол маълум нест ва дар бораи ангезаи ҳодиса ҷузъиёти бештар нашр нашудааст. Тафтишоти парванда идома дорад.

Ин ҳодиса дар ҳолест, ки дар моҳҳои ахир масъалаи шаҳрвандони Афғонистон дар Тоҷикистон бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Пештар низ як шаҳрванди Афғонистон дар шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми қатли як зани 27-солаи тоҷик боздошт шуда буд. Ба гуфтаи манбаъҳо, пас аз он ҳодиса мақомоти Тоҷикистон чораҳои назоратиро сахттар карда, ихроҷи афғонистониҳоро афзоиш додаанд.

Дар ҳамин ҳол, Комиссариати Олии СММ дар умури гурезагон мегӯяд, аз оғози соли равон то нимаи моҳи май Тоҷикистон 882 шаҳрванди Афғонистонро ба кишварашон баргардондааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, 540 нафар аз ихроҷшудагон паноҳҷӯён ва гурезаҳои расман ба қайд гирифташуда будаанд.

Мақомоти тоҷик иддо доранд, ки танҳо муҳоҷирони афғонеро боздошт ва ба кишварашон ихроҷ кардаанд, ки аз нигоҳи будубоши қонунӣ мушкил доштанд ё даст ба ҷинояте задаанд. Аммо худи афғонҳои ихроҷшуда дар суҳбат ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтанд, ки баъзеашон ҳеч мушкили қонунӣ надоштанд, ҳатто бо вуҷуди доштани асноди паноҳандагӣ мақомоти амниятии Тоҷикистон онҳоро ради марз карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.