Ифтитоҳи бонкҳои чинӣ дар Тоҷикистон: Пекин дар пайи чист?

Мақомоти Тоҷикистону Чин зимни нишасте масъалаи ифтитоҳи филиали бонкҳои бузурги чинӣ дар шаҳри Душанберо баррасӣ карданд.

Тавре Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар шаҳри Душанбе нишасти сатҳи баланди раҳбарони низоми бонкии ду кишвар баргузор гашт, ки дар он масъалаи ифтитоҳи филиалҳои бонкҳои бузурги Чин дар Тоҷикистон ва тавзеҳи вазъияти макроиқтисодии кишвар баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои расмии Бонки миллии Тоҷикистон, дар ин нишат ҳайати Тоҷикистонро Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии кишвар ва ҳайати Чинро Гу Шу, раиси Бонки кишоварзии Чин (Agricultural Bank of China) — яке аз чаҳор бонки бузургтарини ҷаҳон — раҳбарӣ мекарданд.

Гуфта мешавад, Фирдавс Толибзода ҳайати чиниро бо нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон шинос карда, таъкид намуда, ки кишвар суръати баланди рушд ва таварруми муътадилро ҳифз кардааст. Дар посух, раиси Бонки кишоварзии Чин Гу Шу ба дурнамои иқтисодии Тоҷикистон “баҳои баланд дода”, омодагии Пекинро барои табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик изҳор доштааст.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни мулоқот бо ҳамтоёни ҷинии худ бо ишора ба таърихи тӯлонии ҳамкориҳои молиявӣ изҳор дошта, ки ифтитоҳи филиалҳои бонкҳои Чин дар Тоҷикистон метавонад заминаи мусоиди савдо ва сармоягузориро ба сатҳи комилан нав бардорад.

Бар асоси иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо низ масоили муҳими ҳамкориҳо, аз ҷумла маблағгузории мустақими тиҷоратӣ ва лоиҳаҳои муштарак, рақамикунонии хидматрасониҳо ва таҳкими низоми киберамният, гзариш ба “иқтисоди сабз” ва такмили механизмҳои комплайенсро гуфтугӯ карданд.

Ифтитоҳи филиалҳои бонкҳои Чин дар Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки кишвари Чин солҳост ҳамчун пудратчии лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва қарздеҳи асосии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба назари таҳлилгарони иқтиосдӣ, ворид шудани бонкҳои Чин ба бозори дохилии кишвар, агарчи барои соҳибкорон ва иқтисоди Тоҷикистон уфуқҳои наверо мекушояд, вале вобастагии иқтисодии кишварро ба Чин боз ҳам бештар хоҳад кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.