Ҳизби Пашинён дар интихоботи порлумонии Арманистон пирӯз шуд

Дар интихоботи парлумонии Арманистон, ки рӯзи 7-уми июни соли ҷорӣ баргузор гашт, ҳизби ҳокими “Паймони шаҳрвандӣ” бо раҳбарии нахуствазир Никол Пашинён, пирӯз эълон шуд.

Тибқи натиҷаҳои пешакии Комиссияи марказии интихоботи Арманистон, ҳизби ҳоким ҳудуди 50,1 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст. Эътилофи “Арманистони пурқувват”, ки аз сиёсати наздиктар бо Русия ҷонибдорӣ мекунад, бо зиёда аз 23,4 дарсади овозҳо дар ҷойи дувум қарор гирифтааст. Эътилофи “Арманистон” бошад, тақрибан 9,8 дарсади раъйҳоро ба даст овардааст.

Никол Пашинён пирӯзии ҳизбашро “таърихӣ” номида, гуфт, ки натиҷаи интихобот ба Арманистон имкон медиҳад роҳи рушди устувор ва ислоҳотро идома диҳад. Ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки Ереван сиёсати хориҷии мутавозинро пеш мебарад ва масъалаи интихоби байни Русия ва Ғарб барои ҳукумат вуҷуд надорад.

Ин интихобот нахустин раъйгирии умумимиллӣ дар Арманистон баъд аз рӯйдодҳои соли 2023 дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, бисёре аз коршиносон онро як санҷиши муҳим барои сиёсати Пашинён ва муносибатҳои ояндаи Арманистон бо Русия ва кишварҳои ғарбӣ арзёбӣ карданд.

Муносибатҳои Арманистон ва Русия дар солҳои охир сард шудаанд. Ереван Маскав ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро барои вокуниши нокифоя ба рӯйдодҳои Қарабоғи Кӯҳӣ танқид кард. Ва ҳамзамон ҳукумати Пашинён талош дорад ҳамкориҳояшро бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои ғарбӣ густариш диҳад.

Бино ба иттилои расонаҳо, дар ин интихобот беш аз 59 дарсади шаҳрвандони дорои ҳаққи раъй иштирок карданд, ки яке аз баландтарин нишондодҳои солҳои охир арзёбӣ мешавад.

Интизор меравад натиҷаҳои ниҳоии интихобот рӯзҳои наздик эълон шаванд, аммо натиҷаҳои кунунӣ нишон медиҳанд, ки ҳизби Пашинён метавонад аксарияти курсиҳои порлумонро дар ихтиёр дошта бошад ва ҳукумати навро мустақилона ташкил диҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳамлаҳои низомии дуҷониба байни Эрон ва Исроил

Эрон ва Исроил барои аввалин бор аз замони оташбаси моҳи апрел ҳамлаҳои мустақими мушакӣ ва ҳавоиро аз сар гирифтанд, ки нигарониҳоро аз эҳтимоли густариши ҷанги минтақавӣ афзоиш додааст.

Сӯхтори бинои дуошёна дар Норак: даҳҳо нафар бе хона монданд

Дар деҳаи Лангарии шаҳри Норак як бинои дуошёнаи истиқоматӣ оташ гирифт, ки дар натиҷа 50 сокин бе сарпаноҳ монданд.

Вақте омӯзгорро мезананд…

Ҳодисаи Нуробод ва саволҳое, ки дар бораи мақоми омӯзгор беҷавоб мемонанд.

Боздошти Идибеки “Бохтарӣ” ва Рустами “Кал”

Мақомоти Тоҷикистон ду блогери фаъол дар шабакаҳои иҷтиморо, ки миёни ҷомеа ҳамчун блогерони "ҳукуматӣ" шинохта шудаанд, боздошт кардааст.