Сӯхтори бинои дуошёна дар Норак: даҳҳо нафар бе хона монданд

Дар деҳаи Лангарии шаҳри Норак як бинои дуошёнаи истиқоматӣ оташ гирифт, ки дар натиҷа 50 сокин бе сарпаноҳ монданд. Мақомот таҳқиқи қазияро оғоз кардаст.

Бар асоси иттилои расмӣ, сӯхтор тақрибан соати 15:00-и рӯзи 7-уми июн сар зада, то бегоҳии ҳамон рӯз аз ҷониби кормандони Хадамоти оташнишонӣ хомӯш карда шудааст. Дар пайи ин ҳодиса 16 манзили зист пурра сӯхта, осеби ҷиддӣ дидаанд.

Рӯзи 8-уми июн намояндаи ҳукумати шаҳр ба расонаҳо гуфт, ки дар пайи ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, сабаби эҳтимолии сар задани сӯхтор “расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ” мебошад, аммо таҳқиқи расмии ҳодиса ҳанӯз идома дорад.

Дар дафтари матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ низ тасдиқ карданд, ки мутахассисон сабабҳои сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунанд. Мақомот гуфтаанд, баъд аз анҷоми санҷиш натиҷаҳои расмӣ ба ҷомеа пешниҳод хоҳанд шуд.

Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, бино пурра аз чӯб сохта шуда, аз солҳои пеш мавриди истифода қарор дошт. Аз ин рӯ, оташ дар муддати кӯтоҳ қисмати зиёди биноро фаро гирифтааст.

Гуфта мешавад, дар ин бино 14 оила зиндагӣ мекарданд. Айни замон сокинони зарардида муваққатан дар манзили ҳамсояҳо ва наздикони худ ҷойгир шудаанд. Мақомоти шаҳр мегӯянд, муовини аввали раиси Норак дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, корҳои бартарафсозии паёмадҳои сӯхторро назорат мекунад.

Навори сӯхтор шоми 7-уми июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, вокуниши зиёди корбаронро ба бор овард. Бархе аз сокинон навиштаанд, ки дар натиҷаи ҳодиса зиёда аз 16 оила аз хонаҳои худ маҳрум шудаанд.

Мақомот мегӯянд, таҳқиқи ҳодиса идома дорад ва ҳаҷми дақиқи зарари молӣ баъд аз анҷоми санҷишҳо муайян хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола бар асари сӯхтор дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва корхонаҳо миллионҳо сомонӣ зарар мерасад. Коршиносон яке аз сабабҳои асосии чунин ҳодисаҳоро риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи нерӯи барқ ва фарсуда шудани шабакаҳои барқӣ медонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳамлаҳои низомии дуҷониба байни Эрон ва Исроил

Эрон ва Исроил барои аввалин бор аз замони оташбаси моҳи апрел ҳамлаҳои мустақими мушакӣ ва ҳавоиро аз сар гирифтанд, ки нигарониҳоро аз эҳтимоли густариши ҷанги минтақавӣ афзоиш додааст.

Ҳизби Пашинён дар интихоботи порлумонии Арманистон пирӯз шуд

Дар интихоботи парлумонии Арманистон бори дигар ҳизби ҳокими "Паймони шаҳрвандӣ" пирӯз эълон шуд.

Вақте омӯзгорро мезананд…

Ҳодисаи Нуробод ва саволҳое, ки дар бораи мақоми омӯзгор беҷавоб мемонанд.

Боздошти Идибеки “Бохтарӣ” ва Рустами “Кал”

Мақомоти Тоҷикистон ду блогери фаъол дар шабакаҳои иҷтиморо, ки миёни ҷомеа ҳамчун блогерони "ҳукуматӣ" шинохта шудаанд, боздошт кардааст.