Як корманди ҷавони корхонаи истихроҷи тилло дар ноҳияи Ховалинг бар асари ба обанбор афтодани мошини борбардораш ҷонашро аз даст дод.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, ҳодиса ҳудуди соати 02:00-и шаби 9-уми июн дар корхонаи заршӯйии “Ганҷи Ваҳдат” рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, ронандаи мошини борбардор, ки Давлатзода М. ном бурда мешавад, ҷавони 19-сола буда, ҳангоми идораи нақлиёт амнияти ҳаракатро таъмин карда натавониста, ба обанбори корхона сарозер шудааст.
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷасади ронандаро аз об берун оварда, ба мақомоти дахлдор ва пайвандонаш супурдаанд.
Назари пайвандони ӯ дар робита ба ин қазия то ҳол дастраси расонаҳо нашудааст.
Ин дувумин ҳодисаи маргбор дар конҳои тиллои Шугнов дар камтар аз се ҳафтаи охир мебошад. Рӯзи 23-юми май низ дар натиҷаи боришоти шадид ва фурӯ рехтани кӯҳпора дар яке аз конҳои тиллои минтақа чор корманд ҷон бохта буданд.
Ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз марказҳои муҳими истихроҷи тилло дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин минтақа чандин ширкати заршӯйӣ фаъолият дошта, ба истихроҷи тилло машғуланд.
Ҷузъиёти бештари ин ҳодиса ва омилҳои рух додани он ҳанӯз маълум нест.
