Беш аз 200 зани шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, эҳтимол то моҳи сентябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон интиқол дода шаванд.
Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истинод ба як манбаъ дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон хабар додааст. Ба гуфтаи манбаъ, ки нахостааст номаш зикр шавад, барои қабули маҳбусон дар муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак корҳои омодагӣ ҷараён дошта, сохтмони биноҳои иловагӣ идома дорад.
Масъалаи интиқоли занони маҳбуси тоҷик аз Русия моҳи апрели имсол аз ҷониби Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия Татяна Москалкова матраҳ шуда буд.
То ҳол мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин хабар ва ё ҷузъиёти интиқоли маҳбусон изҳороти расмӣ нашр накардаанд.
Шумораи дақиқи занони тоҷик, ки дар зиндонҳои Русия қарор доранд, маълум нест. Аммо ба гуфтаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия, занони хориҷии маҳбус бо мушкилоти зиёде, аз ҷумла дурӣ аз оила ва маҳдуд будани мулоқот бо наздикон рӯбарӯ мешаванд.
