Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир рӯзи 10-уми июн дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона бо намояндаи вежаи президенти Иёлоти Муттаҳида дидору гуфтугӯ кард.
Ин дидор дар чорчӯби нишасти Муколамаи “C5+1” оид ба канданиҳои фоиданоки муҳими стратегӣ, ки дар шаҳри Остона дар ҳоли баргузор шудан аст, сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, Шералӣ Кабир дар ин нишаст иштирок ва суханронӣ кардааст.
Ба иттилои расонаҳои давлатӣ, Шералӣ Кабир дар суханронии худ иқтидори стратегии Тоҷикистонро барои сармоягузорон ва шарикони байналмилалӣ ошно намудаст. Вазир дар робита ба мавзуи энергияи “сабз”, “истихроҷи металлҳои нодирзаминӣ” ва “зеҳни сунъӣ” суҳбат карда, кишварро ҳамчун макони мусоид барои сармоягузории хориҷӣ муаррифӣ кардааст.
Дар ҳамин сафар Шералӣ Кабир бо Серҷио Гор — намояндаи вежаи президенти Иёлоти Муттаҳида дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ мулоқоти алоҳида анҷом додааст. Дар ин дидор ҷонибҳо масъалаи захираҳои маъданӣ ва имкониятҳои истихроҷи конҳои Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Вазир ба намояндаи Амрико иттилоъ дода, ки дар Тоҷикистон қариб 800 кони металл ва минералҳо мавҷуд аст, аммо дар айни ҳол танҳо аз 100-тои онҳо маъданҳо истихроҷ мешавад. Ба гуфтаи Шералӣ Кабир, конҳои дастнахӯрдаи кишвар имкониятҳои васеъро барои ҷалби сармояи хориҷӣ дар ин самт фароҳам меоранд.
Ин дидор дар идомаи музокироти моҳи ноябри соли гузашта, ки дар Вашингтон баргузор шуда буд, дори гашт. Дар он нишасти қаблӣ Доналд Трамп зимни мулоқот бо роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ дар соҳаи хариду коркарди маъданҳои камёб ва муҳимро яке аз афзалиятҳои асосии ҳамкориҳои дуҷониба эълон карда буд.
