Ҳамлаи ҷадиди Амрико ба Эрон: Тангаи Ҳурмуз баста шуд

Нерӯҳои ҳавоии Амрико шаби 10-уми июн ба чандин нуқтаҳои низомии Эрон ҳамла карданд. Фармондеҳии марказии Амрико (CENTCOM) эълон кард, ки дар ин ҳамлаҳо баештар шабакаҳои радарӣ, марказҳои иртибототӣ ва системаҳои дифои ҳавоии Эрон мавриди ҳадаф қарор гирифтанд.

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ин амалиёт ба хотири саркашиҳои Эрон аз имзои созишнома мебошад. Вазири дифои Амрико Пит Ҳегсет изҳор дошт, ки президент Доналд Трамп дастур додааст ба он чи Вашингтон “таҷовузгариҳои идомадори Эрон” меномад, посухи мустақим дода шавад.

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп пас аз оғози ҳамлаҳо ҳушдор дод, ки агар Теҳрон ба созиши сулҳ тан надиҳад, ҳамлаҳои бештаре анҷом хоҳанд шуд. Ӯ иддао кард, ки Эрон аз имкониятҳои дипломатӣ истифода накардааст ва Вашингтон омода аст фишорро афзоиш диҳад.

Дар навбати худ, мақомоти эронӣ ҳамлаҳои Амрикоро маҳкум намуда, онро нақзи қонунҳои байналмилалӣ ва таҷовуз алайҳи соҳибихтиёрии кишвар арзёбӣ карданд. Бино ба гузоришҳо, Эрон дар посух ба зарбаҳои Амрико, пойгоҳҳои низомии он дар Баҳрайн, Кувайт ва Урдунро мавриди ҳамлаҳои мушакӣ қарор додааст.

Ҳамзамон дар пайи ҳамлаҳои муҷаддади Амрико алайҳи Эрон, нерӯҳои дарёии Сипоҳи посдорон эълон кард, ки тангаи Ҳурмуз то эълони баъдӣ бар рӯи ҳама киштиҳои тиҷоратӣ комилан бастааст.

Ин таҳаввулот дар ҳоле сурат мегирад, ки миёнравҳои минтақа, аз ҷумла Покистон, барои эҳёи музокироти байни ду тараф талош доранд. Бо вуҷуди ин, табодули ҳамлаҳо нишон медиҳад, ки дурнамои коҳиши танишҳо норавшан аст.

Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки идомаи чунин амалиёт метавонад ба густариши низоъ дар саросари Ховари Миёна ва халалдор шудани ҳаракати киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз оварда расонад. Ин масир яке аз муҳимтарин роҳҳои интиқоли нафти ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва ҳар гуна нооромӣ дар он метавонад ба бозорҳои ҷаҳонии энержӣ таъсири ҷиддӣ расонад.

Кишварҳои гуногун дар пайи ҳамлаҳои муҷаддади Амрико алайҳи Эрон вокуниш карда, ба таваққуфи ҳарчи зудтари он даъват карданд. Аз ҷумла дафтари Вламидир Путин, раисҷумри Русия дар паёме гуфта, ки даргирии муҷаддади Амриову Эрон иқтисоди ҷаҳонро зери хатар қарор медиҳад. Ва аз ҷонибҳо хоста шуда, ки ҳарчи зудтар ба мизи музокирот баргарданд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти эронӣ Амрикоро ба аҳдшиканӣ муттаҳам карда, мегӯянд, ки бо фишор наметавон ба созиш расид. Беҳтар аст Амрико на роҳи зӯр, балки роҳи дурусти гуфтушунидро пеш гирад.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки Вашингтон бо истифода аз фишори низомӣ мехоҳад мавқеи худро дар музокироти марбут ба кушодани тангаи Ҳурмуз ва маҳдуд кардани барномаи ҳастаии Эрон тақвият диҳад. Дар ҳафтаҳои охир музокироти ғайримустақим байни ду кишвар идома дошт, аммо ҷонибҳо дар масъалаҳои асосӣ, аз ҷумла захираҳои урании ғанишуда ва амнияти ҳаракати киштиҳо дар Ҳурмуз ба тавофуқ нарасидаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Табдили алифбо баробар бо табдили қудрат аст

Ҳазфи вожаи "форсӣ" аз Қонуни забон ва маҳдуд кардани омӯзиши хатти форсӣ натавонист онро ба фаромӯшӣ бисупорад ва ё пеши роҳи омӯзиши онро аз миллати тоҷик бигирад.

Дидори вазири тоҷик бо намояндаи вежаи президенти Амрико

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир рӯзи 10-уми июн дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона бо намояндаи вежаи президенти Иёлоти Муттаҳида дидору гуфтугӯ кард.

Баҳси меросии блогер ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт

Шаҳноза Шарипова, блогери тоҷик дар наворе аз баҳси хонаводагии худ нақл карда, бародаронашро гунаҳкор меҳисобад.

Сафорати ИМА: Донишҷӯёни дорои раводиди F аз гаравпулӣ озоданд

Сафорати Амрико дар Душанбе эълон кард, шаҳрвандоне, ки барои гирифтани раводиди донишҷӯии навъи F ё М муроҷиат мекунанд, гаравпулии раводидро пардохт намекунанд.