Рӯзи 11-уми июн Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки пеш аз оғозаш баъзе тимҳои миллӣ, доварон ва варзишгарон бо мушкилот рӯ ба рӯ шуданд расман оғоз гардид. Дар шабонарӯзи аввали мусобиқа мухлисон аллакай шоҳиди ду бозӣ, эҳсосоти фаромӯшнашаванда ва голҳои зебо гаштанд.
Бозии ифтитоҳии мусобиқа байни дастаҳои мунтахаби Мексика ва Африқои Ҷанубӣ дар варзишгоҳи машҳури “Астека” дар шаҳри Мехико баргузор шуд. Мизбонони мусобиқа чемпионатро бо боварӣ оғоз намуда, бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Соҳиби аввалин голи Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 Хулиан Кинонес гардид, ки дар дақиқаи нуҳуми вохӯрӣ ҳисобро боз кард. Голи дуюмро дар қисми дуюми бозӣ Раул Хименеси 35-cола зад, ки аввалин голаш дар ҷомҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Вохӯрӣ дар баробари голҳо пуршиддат ҷараён гирифт ва бо се корти сурх — дуто барои тими Африқои Ҷанубӣ ва якто барои мексикоиҳо ба охир расид.
Дар бозии дуюми мусобиқа тими мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бар Чехия бо ҳисоби 2:1 ғалаба ба даст овард. Чехҳо нахуст тавассути зарбаи дақиқи Ладислав Крейчи ҳисобро боз карданд, аммо кореягиҳо зуд ҷараёни бозиро ба нафъи худ тағйир дода, Хван Ин Бом аввал мувозинатро барқарор кард ва сипас ба О Ҳён Гю барои задани гол мусоидат намуд. Ин гол ба тими Кореяи Ҷанубӣ се имтиёзи аввалро дар мусобиқа овард.
Бояд гуфт, Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 бузургтарин мусобиқа дар таърихи футбол ба ҳисоб рафта, беш аз сад бозӣ миёни тимҳои миллӣ доир хоҳад гашт. Ҳамчунин бори аввал дар марҳилаи ниҳоӣ 48 дастаи мунтахаб иштирок мекунанд ва мусобиқа ҳамзамон дар се кишвар — Мексика, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Канада баргузор мешавад ва бозии финалӣ 19 июли соли 2026 баргузор хоҳад шуд.
Бо вуҷуди ин, чемпионат аз рӯзҳои аввал бо мушкилоти ҷиддии ташкилотӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯ шуд, ки асосан ба масъалаҳои раводид ва назорати сарҳадӣ вобаста мебошанд.
Яке аз мавзуъҳои аз ҳама бештар баҳсшаванда вазъияти тими мунтахаби Эрон гардид. Ба далели мушкилоти марбут ба гирифтани раводиди амрикоӣ барои қисми ҳайат ва маҳдудиятҳои сиёсӣ, даста маҷбур шуд пойгоҳи худро на дар ИМА, балки дар шаҳри Тихуанаи Мексика ҷойгир кунад. Ба иттилои расонаҳои байналмилалӣ, мунтахаби Эрон барои иштирок дар бозиҳое, ки дар қаламрави ИМА баргузор мешаванд, маҷбур аст пайваста аз сарҳад убур карда, парвоз анҷом диҳад, ки барои футболбозон як фишори иловагӣ хоҳад буд.
Ташкилкунандагони Ҷоми ҷаҳонии 2026 ҳамчунин квотаи расмии 8%-и чиптаҳоро барои мухлисони Эрон, ки фурӯхта шуда буданд ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз оғози мусобиқа бо сабаби таҳримҳои раводидии Амрико ва маҳдудиятҳои вуруд барои шаҳрвандони Эрон бекор карданд ва эҳтимол бозиҳои тими Эрон бе мухлисонаш баргузор шаванд.
Саргузашти довари сомалӣ Умар Артан, ки мақомоти амрикоӣ ӯро ба ҳамдастӣ ба террористон муттаҳам кардаанд ва худи ин довар иттиҳомотро рад кард, сару садои зиёде ба бор овард. Беҳтарин довари Африқо дар соли 2025 мебоист дар Ҷоми ҷаҳон фаъолият карда, аввалин намояндаи Сомалӣ дар ин мусобиқа ҳамчун довар иштирок кунад. Аммо мақомоти амрикоӣ, сарфи назар аз доштани раводид, ба ӯ бо баҳонаи амниятӣ иҷозаи вуруд надоданд ва ӯ ба ватанаш баргашт ва дар ватанаш ӯро ҳамчун қаҳрамони миллӣ истиқбол карданд. Дар натиҷа, ФИФА маҷбур шуд номи ӯро аз рӯйхати доварони мусобиқа хориҷ намояд ва худи Артан баъдан хабар дод, ки дар фурудгоҳи Майами соатҳои зиёд таҳти санҷиши иловагӣ қарор гирифтааст.
Пас аз ин ҳодиса, УЕФА Умар Артанро барои доварӣ кардани бозии Суперҷоми Аврупо, ки миёни бошгоҳҳои ПСЖ ва Астон Вилла дар Австрия баргузор мешавад, даъват намуд. Ҳамчунин, мақомоти Канада изҳор доштанд, ки омодаанд имкони қабули ӯро баррасӣ кунанд, то Артан тавонад бозиҳои Ҷоми ҷаҳонро, ки дар қаламрави Канада баргузор мешаванд, доварӣ намояд.
Мушкилот барои намояндагони баъзе дастаҳои миллӣ низ ба миён омаданд. Бино ба маълумоти расонаҳо, бозигарони тимҳои мунтахаби Сенегал ва Узбекистон пас аз расидан ба ИМА аз санҷишҳо, тафтишоти иловагӣ ва чораҳои пурзӯртари амниятӣ гузаштаанд.
Ҳодисаи марбут ба яке аз ситораҳои тими мунтахаби Ироқ Айман Ҳусейн низ баҳсҳои зиёдро ба вуҷуд овард. Гуфта мешавад, ки баъд аз расидан ба шаҳри Чикаго телефони футболбоз тафтиш ва худаш тақрибан ҳафт соат бозпурсӣ шуд ва танҳо баъд аз он иҷозаи вурудро гирифт. Баъзе расонаҳо навиштанд, ки ин ҳодиса аз сабаби як иштибоҳи ногувор рух додааст ва гӯё номи футболбоз бо номи шахси дигаре, ки аз ҷониби хадамоти махсуси Амрико ҷустуҷӯ мешудааст, яксон будааст.
Дар пасманзари афзоиши интиқодҳо президенти ФИФА Ҷанни Инфантино маҷбур шуд шахсан ба саволҳои рӯзноманигорон дар бораи маҳдудиятҳои раводид ва мушкилоти вуруди иштирокчиёни мусобиқа посух диҳад. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ дар Мехико яке аз хабарнигорон ба роҳбари ФИФА хотиррасон кард, ки ин мусобиқа ҳамчун бозтарин ва муттаҳидкунандатарин Ҷоми ҷаҳонӣ дар таърих муаррифӣ шуда буд, аммо ҳанӯз пеш аз оғози он ҳолатҳои радди вуруд, санҷишҳои тӯлонӣ ва маҳдудиятҳо нисбат ба намояндагони баъзе кишварҳо ба қайд гирифта шуданд.
Дар посух Инфантино изҳор дошт, ки ФИФА наметавонад ба қарорҳои мақомоти давлатӣ дахолат кунад ва «подшоҳони ҷаҳон нест», ки тавонанд қарорҳои ҳукуматҳоро бекор намоянд. Ҳамзамон ӯ аз мунтақидон даъват кард, ки «ором бошанд ва изтироб накунанд» ва таъкид намуд, ки созмон барои ҳалли мушкилоти мавҷуда кор бурда истодааст. Ин изҳорот норозигии бахши зиёди мухлисони футбол, рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқро ба вуҷуд овард, зеро онҳо чунин вокуниши ФИФА-ро дар муқоиса бо ҳодисаҳои аллакай рухдода хеле мулоим арзёбӣ карданд.
Аз ҷумла, дар моҳи марти соли 2023 ФИФА Индонезияро аз ҳуқуқи баргузории чемпионати ҷаҳон байни ҷавонони то 20-сола маҳрум кард, зеро мақомоти маҳаллӣ аз қабули тими Исроил, ки аз марҳилаи интихобӣ гузашта буд, даст кашиданд. Мусобиқа ба таври фаврӣ ба Аргентина интиқол дода шуд, худи Индонезия бошад роҳхати мустақимро аз даст дод ва аз ҷониби федератсияи байналмилалӣ ҷаримаҳои молиявӣ гирифт.
Ҳамин тавр, оғози Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 аз рӯзҳои аввал ҳам бо рӯйдодҳои ҷолиби варзишӣ ва ҳам бо мушкилоти ташкилӣ ва сиёсӣ ҳамроҳ шуд. Таваҷҷуҳ бештар ба масъалаҳои раводид, амният ва баробарии шароити иштирокчиён равона гардидааст. Ин ҳолатҳо баҳсҳоро дар бораи омодагии мусобиқа ба воқеиятҳои нави ҷаҳонӣ боз ҳам зиёд карданд. Бо вуҷуди ин, чемпионат идома дорад ва маълум хоҳад шуд, ки оё ташкилкунандагон метавонанд тавозуни байни ҷанбаи варзишӣ ва омилҳои берун аз майдонро нигоҳ доранд ё на.
