Трамп оташбас байни Амрико ва Эронро эълон кард

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп шаби 14-уми июн эълон кард, ки Вашингтон ва Теҳрон ба “созишномаи сулҳ” даст ёфтаанд.

Трамп зимни эълони ин хабар таъкид кард, ки ҳадафи ин созишнома хотима додан ба даргириҳои чандмоҳаи миёни ду кишвар, бозкушоии тангаи Ҳурмуз ва оғози музокироти нав дар бораи барномаи ҳастаии Эрон аст.

Раисҷумҳури Амрико дар шабакаи иҷтимоии худ (Truth Social) навишт: “Тавофуқ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон акнун комил шуд. Ба ҳама табрик мегӯям!” Ӯ илова кард, ки дастури фаврӣ барои лағви муҳосираи баҳрии бандарҳои Эрон ва бозшавии “бидуни боҷ”-и тангаи Ҳурмузро содир кардааст. Вай дар хитоб ба ширкатҳои тиҷоратии баҳрӣ гуфт: “Киштиҳои ҷаҳон, муҳаррикҳои худро равшан кунед. Бигзоред нафт ҷорӣ шавад!

Ба гуфтаи Трамп, матни тавофуқ аллакай омода шуда ва қарор аст рӯзи 19-уми июни соли 2026 дар Женева ба имзо расад. Созишнома ҳамчунин роҳро барои сабуксозии тадриҷии таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон боз мекунад, аммо иҷрои он ба риояи уҳдадориҳои Теҳрон вобаста хоҳад буд.

Бо ин ҳол, Трамп баъдан ба расонаҳо гуфт, ки агар Эрон дар ҷараёни музокироти баъдӣ ба тавофуқи ҳастаӣ пойбанд намонад, ҳамлаҳои низомиро аз сар хоҳад гирифт.

Тибқи маълумоти нашршуда, созишномаи оташбас аз ин бандҳои калидӣ иборат аст:

  • 1. Бозкушоии фаврии тангаи Ҳурмуз барои киштиҳои байналмилалӣ;
  • 2. Хотима додан ба муҳосираи баҳрии Амрико алайҳи Эрон;
  • 3. Озодсозии дороиҳои Эрон, ки 12 миллиард доллар гуфта мешавад;
  • 4. Оғози давраи 60-рӯзаи музокирот дар бораи барномаи ҳастаӣ ва масъалаи таҳримҳо;
  • 5. Идомаи музокироти сиёсӣ бо миёнаравии Қатар ва Покистон.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории “Ал-Ҷазира” бо такя ба манобеаш гузориш дод, ки ин созишнома тақрибан рӯзи чоршанбеи гузашта омода шуда буд, вале бо сабабҳои гуногун эълонаш ба таъхир афтод. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дирӯз пас аз ҳамлаи Исроил ба Бейрут Теҳрон омодагии посухи низомӣ додан ба Исроилро дидааст ва наздик буда тавофуқи ҳосилшуда шикаста шавад, чун яке аз бандҳои оташбас “хотимаи ҷанг дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла Лубнон” гуфта мешавад. Вале бо миёнаравии кишварҳои Қатар ва Покистон ба Исроил ҳамла сурат нагирифт.

Пас аз эълони ин хабар аксар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз он истиқбол карданд. Аз ҷумла, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Антонио Гуттериш аз ин тавофуқ ҳамчун “қадами муҳим ба сӯи сулҳ” ёд карда, аз ҳамаи ҷонибҳо хост онро бо ҳусни ният иҷро кунанд. Ҳамчунин Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ Волкер Турк низ аз созишнома пуштибонӣ карда, онро фурсати муҳим барои поён додани даргириҳо дар минтақа номид.

Ҳамзамон Козим Ғарибободӣ, муовини вазири умури хориҷии Эрон, тавофуқро тасдиқ кард ва гуфт, ки матни тафоҳумнома ниҳоӣ шудааст, аммо иҷрои он танҳо пас аз имзои расмӣ дар рӯзи ҷумъа оғоз хоҳад шуд. Расонаҳои давлатии Эрон ин рӯйдодро ҳамчун як пирӯзӣ тасвир карда, навиштанд: “Амрико маҷбур шуд тавофуқи поёни ҷангро имзо кунад“. Мақомоти Эрон бар ин боваранд, ки ин тавофуқ ба маънои эътимод ба Амрико нест ва дар фазои беэътимодӣ навишта шудааст.

Аммо Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон, ки кишвараш мизбони асосии ин музокироти сахт буд, ин тавофуқро як дастоварди бузург барои суботи минтақа ва иқтисоди ҷаҳон хонд. Ӯ эълон кард, ки ин ҳафта миёнаравҳо силсилаи нишастҳои техникиро барои омодасозии маросими имзо дар Женеви Швейтсария ҳамоҳанг мекунанд.

Вале давлати Исроил ба роҳбарии Бенёмин Натанёҳу, ки аз раванди ин музокирот канор гузошта шуда буд, шадидан аз ин тавофуқ интиқод кард. Коршиносон мегӯянд, Исроил худро дар ин масир “танҳо” ҳис мекунад, зеро Трамп барои берун шудан аз ҷанг таслими хостаҳои Эрон дар мавриди оташбаси Лубнон шудааст. Расонаҳои исроилӣ нигаронанд, ки ин созиш мавқеи Эронро дар минтақа қавитар мекунад.

Ҳамчунин Русия аз коҳиши танишҳо ва поёни ҷанг истиқбол кард. Бо авҷ гирифтани баҳсҳо бар сари ураниуми ғанишудаи Эрон, Маскав пешниҳод кардааст, ки омода аст ин захираҳоро ба хоки худ интиқол диҳад, то созиши ҳастаӣ зудтар ҳосил шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Душанбе зане бо гумони қатли як мард боздошт шуд

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зан бо гумони даст доштан дар қатли як марди 61-сола дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар пасманзари гуфтугӯҳои Трамп бо Путин ва Зеленский, ҳамлаҳо ба Украина идома доранд

Бар асари ҳамлаҳои густурдаи Русия ба Украина шаби 15-уми июн дастикам 9 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

Ҷасади собиқ афсари ВКД-и Тоҷикистон, ки дар Украина меҷангид, дар Восеъ дафн шуд

Ҷасади Маҳмадҷон Бозоров, сарҳанги собиқи ВКД, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шудааст, рӯзи 15-уми июн дар ноҳияи Восеъ ба хок супурда шуд.

Поёни анъанаи сисолаи муҳоҷират

Сӣ сол аст тамоми системаҳои иқтисоди Тоҷикистон — аз буҷаи хонавода то иқтисоди миллӣ — дар асоси як фарзия сохта шудаанд: Муҳоҷир ҳамеша метавонад ба Русия биравад.