Рассом ва мухолифи Русия дар Лаҳистон кушта шуд

Рӯзи дӯшанбе, 15-уми июн, рассом ва паноҳандаи сиёсии рус Семён Скрепетский дар кишвари Лаҳистон кушта шуд. Гуфта мешавад, ӯ аз мунаққидони сарсахти режими Владимир Путин ба шумор мерафт.

Тавре расонаҳои лаҳистонии “podlaski.info” ва “wPolsce24” гузориш медиҳанд, ин шаҳрванди 44-солаи Русия дар як таваққуфгоҳи мошинҳо дар шаҳри Бяла-Подляска, ки дар 40-километрии марзи Беларус воқеъ аст, мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифта, кушта шудааст.

Бар асоси иттилои расонаҳо, мақомоти пулиси Лаҳистон фавран кӯчаҳои шаҳрро баста, амалиёти махсусро оғоз намуданд. Дар натиҷа, яке аз гумонбарони асосии қатли рассом дар наздикии консулгарии Беларус дастгир шудааст. Гуфта мешавад, ӯ пас аз тирпарронӣ кӯшиш кардааст, ки ба самти бинои консулгарӣ фирор кунад. Мувофиқи маълумоти аввалия ва расман тасдиқнашуда, шахси дастгиршуда шаҳрванди Беларус мебошад.

Шабакаи телевизионии “wPolsce24” хабар медиҳад, ки дар ин сӯиқасд, ба эҳтимоли зиёд, ду нафар даст доштаанд. Канали телеграмии беларусии “DzikMedia” менависад, ки қотилони эҳтимолиро як ронандаи таксӣ аз Беларус ба ин шаҳр овардааст. Бино ба ин гузориш, вақте ҳамлагарон ба Скрепетский бо силоҳ таҳдид карданд, ӯ аз тарс хостааст ба ҳудуди консулгарии Беларус паноҳ барад, вале ба ин кор муваффақ нашудааст.

Куштори Семён Скрепетский дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш ӯ дар назди сафорати Русия дар Берлин як ҳамоиши эътирозии пурсарусадо баргузор карда буд. Ӯ бо либосҳои суннатии русӣ (кулоҳи гӯшдор) ва лентаи Георгий ҳозир шуда, дар як ҳаракати рамзӣ парчами Русияро ба қуттии партов ҳаво дод. Инчунин ӯ бо як расме, ки дар он Иосиф Сталин бо кӯдаке дар оғӯшаш, ки он кӯдак Путин буд, тасвир ёфта, дар назди сафорат гаштугузор мекард.

Танҳо як соат қабл аз кушта шуданаш, Сакрепетский дар канали телеграмии худ навишта буд, ки ин ҳамоишаш дар Берлин “писанди ватандӯстони рус наомад” ва ӯро пайваста ба таҷовузу марг таҳдид мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки тирамоҳи соли гузашта мақомоти Лаҳистон ифшо карда буданд, ки як мухолифи дигари рус бо номи Игор Р., ки дар Лаҳистон паноҳандагии сиёсӣ дошт, дар асл ҷосуси Хадамоти амнияти федералии Русия (ФСБ) буда, дар бораи дипломатҳои лаҳистонӣ ва мухолифони рус маълумот ҷамъ меовардааст. Мансабдорон ҳанӯз иртиботи ин ду ҳодисаро расман шарҳ надодаанд ва тафтишот дар ин замина идома дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар пайи эътирозҳо барои ҳуқуқи занон дар Ҳирот навраси 16-сола ҷон бохт

Муртазо, яке аз иштирокчиёни 16-солаи эътирозҳои ахир дар Ҳирот, ки зимни пароканда кардани тазоҳуркунандагон аз ҷониби Толибон захмӣ шуда буд, рӯзи сешанбе дар бемористон даргузашт.

Путин муҳлати ташхиси ҳатмии муҳоҷиронро дар Русия то 30 рӯз коҳиш дод

Президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки тартиби гузаштани ташхиси ҳатмии тиббии шаҳрвандони хориҷиро сахттар мекунад.

Дар Душанбе зане бо гумони қатли як мард боздошт шуд

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зан бо гумони даст доштан дар қатли як марди 61-сола дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар пасманзари гуфтугӯҳои Трамп бо Путин ва Зеленский, ҳамлаҳо ба Украина идома доранд

Бар асари ҳамлаҳои густурдаи Русия ба Украина шаби 15-уми июн дастикам 9 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.