Баъди марги ногаҳонии Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, иҷрои вазифаҳои роҳбарии вилоят ба уҳдаи муовини аввали раиси вилоят Шарифхон Сафарзода гузошта шудааст.
Номи Сафарзода зери қароре дар бораи даъвати Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ омадааст. Ин қарорро “Рӯзномаи Бадахшон” рӯзи 19-уми июн нашр кардааст.
Як масъули ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 22-уми июн бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки Шарифхон Сафарзода тибқи қонун то замони таъйини раиси нави вилоят вазифаҳои ӯро иҷро хоҳад кард.
Гуфта мешавад, Шарифхон Сафарзода соли 2023 вазифаи муовини аввали раиси ВМКБ-ро бар уҳда дошт. Ӯ пештар дар мақоми раиси ноҳияи Варзоб фаъолият карда, инчунин дар сохторҳои ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кор кардааст.
Тағйироти ахир дар роҳбарияти вилоят пас аз он сурат мегирад, ки Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ, рӯзи 17-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ҳангоми ҳаракат дар роҳ ба ҳалокат расид. Ба иттилои расмӣ, мошини ӯ бо ҳамсар, як кӯдак, ёвар ва ронандааш ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. То кунун пайкари ғарқшудагон ва худи мошин пайдо нашудааст, аммо ҳукумати Тоҷикистон чанд соат пас аз оғози ҳодиса дар як нома марги Мирзонаботро эълон кард.
Алишер Мирзонабот аз соли 2021 раҳбарии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бар уҳда дошт. Дар давраи раҳбарии ӯ вилоят шоҳиди рӯйдодҳои пуртаниш, аз ҷумла амалиётҳои мақомот алайҳи эътирозгарон ва фаъолони маҳаллӣ шуд. Тарафдорони ҳукумат аз корномаи ӯ дар таъмини субот ва иҷрои барномаҳои давлатӣ ситоиш мекунанд, аммо мунтақидон ва мухолифон ӯро ба нақш доштан дар боздошт, фишор ва таъқиби муътаризон дар Бадахшон муттаҳам мекарданд.
