Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми октябр аз ҳамлаҳои ахир ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикӣ дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ, ки боиси ҳалокат ва захмӣ шудани шаҳрвандони бегуноҳ гардиданд, изҳори нигаронӣ кард.

Дар изҳорот таъкид шудааст, ки чунин ҳамлаҳо боиси шиддат гирифтани танишҳо гардида, ба талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ барои таъмини сулҳу субот дар минтақаи Ховари Миёна халал мерасонанд. Вазорат ба пайвандони қурбониён ҳамдардӣ баён кардааст.

Ҳамзамон, Тоҷикистон аз ҳамаи ҷонибҳои даргир даъват карда, ки ҳарчи зудтар амалиёти ҷангиро қатъ намуда, ихтилофҳоро танҳо тавассути гуфтушунид ва роҳҳои мусолиматомез ҳал намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзҳои охир ҷамоати “Ансоруллоҳ”-и Яман масъулияти ҳамлаҳо ба фурудгоҳҳои Арабистони Саудӣ, аз ҷумла фурудгоҳи байналмилалии Шоҳ Холид дар шаҳри Риёз, инчунин баъзе зерсохторҳои энергктикиро бар дӯш гирифт. Бар асари яке аз ҳамлаҳои ахир даҳҳо нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷруҳ шуданд, ки ин ҳодиса боиси вокуниши густурдаи байналмилалӣ гардид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Идомаи таъқибу фишори Муҳаммад Султон пас аз озод шуданаш аз зиндон

Рӯзноманигори собиқи тоҷик ва полковники мустаъфӣ Мамадсултон Мавлоназаров, аз идомаи таъқибу фишор пас аз озод шуданаш аз зиндон хабар дод.

Раҳмон барои иштирок дар ҳамоише ба Озарбойҷон рафт

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 14-уми октябри соли ҷорӣ ба шаҳри Бокуи Озарбойҷон сафар кард.

Як ронандаи таксии шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон ба куштор гумонбар аст

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар садамаи маргбор дар гузаргоҳи пиёдагардон дар Варшава гумонбар дониста мешавад, пас аз марги ҷабрдида Лаҳистонро тарк кардааст.

Сафари аввалини Рубио ба Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон аз ин сафар чӣ интизор дорад?

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Марко Рубио нимаи дуюми моҳи октябр сафари хориҷии худро ба Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон анҷом медиҳад.