Кир Стармер, нахуствазири Британия, эълон кард, ки аз раҳбарии Ҳизби коргар ва мақоми сарвазир канорагирӣ мекунад, аммо то интихоби раҳбари нави ҳизб ва сарвазири нав ба таври муваққат иҷрои вазифаҳояшро идома хоҳад дод.
Стармер рӯзи 22-уми июн дар як изҳорот гуфт, пас аз баррасии вазъи сиёсӣ ва гуфтугӯ бо ҳамсафонаш ба ин натиҷа расидааст, ки дигар шахси муносиб барои роҳбарии Ҳизби коргар ба интихоботи ояндаи порлумонӣ нест. Ӯ афзуд, ки ин тасмимро “бо эҳтиром ба назари ҳизб” гирифтааст.
Истеъфои Стармер дар ҳоле эълон мешавад, ки ӯ дар моҳҳои охир бо фишори рӯзафзуни дохилиҳизбӣ рӯбарӯ буд. Расонаҳои Британия гузориш медиҳанд, ки натиҷаҳои заифи Ҳизби коргар дар интихоботи маҳаллии моҳи май, аз ҷумла аз даст додани курсӣ ва коҳиши пуштибонӣ дар баъзе минтақаҳо, мавқеи сиёсии ӯро ба таври ҷиддӣ суст кард. Бархе вазирон ва даҳҳо вакили ҳизб низ дар ҳафтаҳои гузашта аз ӯ хоста буданд, ки барои тағйири роҳбарӣ замина фароҳам кунад.
Ба навиштаи Reuters, дар пасманзари норозигии дохилӣ, ба роҳбарии Стармер ҳамчунин барои набуди самти равшани сиёсӣ, чанд тағйири мавқеъ дар сиёсатҳои дохилӣ ва нокомӣ дар ҷалби дубораи эътимоди интихобкунандагон интиқод мешуд. Баъзе нозирон мегӯянд, афзоиши мушкилоти иқтисодӣ, фишор бар низоми тандурустӣ ва муҳоҷират, инчунин боло рафтани рақобати сиёсӣ аз ҷониби нерӯҳои ростгаро, ҳукумати ӯро зери фишори бештар қарор дод.
Кир Стармер дар интихоботи соли 2024 Ҳизби коргарро ба пирӯзии бузург расонда буд ва баъд аз солҳои тӯлонии ҳукмронии муҳофизакорон ба қудрат баргардонд. Аммо дар давоми камтар аз ду сол, коҳиши нуфузи сиёсӣ ва ихтилофҳои дохилии ҳизб ӯро водор кард, ки аз мақомаш канорагирӣ кунад.
Тибқи гузоришҳо, Ҳизби коргар қарор аст дар ҳафтаҳои наздик раванди интихоби раҳбари навро оғоз кунад. То он замон, Стармер вазифаи сарвазирро ба ҳайси раҳбари муваққат иҷро хоҳад кард.
