Ҷангҷӯи тоҷик дар Украина: “Ин хатои маро такрор накунед”

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҷанги Русия бар зидди Украина иштирок дошт, худро ба сарбозони Украина таслим кардааст. Ӯ дар як навор хитоб ба тоҷикистониён мегӯяд: “Ҳамватанони ман, таҳти ҳеҷ шароите қарордодро имзо накунед. Беҳтар аст ба Ватан баргардед ё ба Аврупо равед. Ин ҷанг билети яктарафа аст.”

Лоиҳаи “Хочу жить” (Мехоҳам зиндагӣ кунам) бо ин шаҳрванди Тоҷикистон мусоҳибае анҷом дода ва онро расонаҳои украинӣ нашр кардаанд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ӯ ном бурда намешавад, дар мусоҳибааш саргузашташро аз чӣ гуна ба ҷанг омадан ва то худро ба дасти сарбозони украинӣ таслим кардан нақл кардааст.

Ба гуфтаи ин сарбози тоҷик, вазъ барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия пас аз ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтааст. Мақомот ва ниҳодҳои қудратӣ муносибатро нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон сахттар намуда, фазои тарсу фишорро бештар карданд.

Ӯ мегӯяд, то замони боздошт дар Русия кор мекардааст, аммо субҳи 10-уми декабри соли 2025 ҳангоми рафтан ба кор ӯро дар як “рейд” кормандони пулис ва Хадмаоти махсуси амнияти Русия (ФСБ)-и Русия боздошт карда, ба як мошин, ки чанде аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ низ дар дохилаш боздошт шуда буданд, савор карда, ба маркази муҳоҷирати “Сахарово” бурдаанд.

Ин сарбози тоҷик сабаби боздошташро надоштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои иқомат дар қаламрави Русия мегӯяд. Ӯ қайд мекунад, ки қаблан “патент” ва иҷозатнома доштааст, вале ин дафъа сари вақт омода карда натавониста буд. Аммо дар боздоштгоҳ, ҷое, ки муҳоҷиронро барои ихроҷ ҷамъ карда буданд, ба ӯ интихоби душвор пешниҳод шудааст: ихроҷи тӯлонӣ ва маҳрумият аз вуруд ба Русия то 10 сол ё имзои қарордод барои иштирок дар ҷанг алайҳи Украина ва ба даст овардани шаҳрвандии Русия.

Ӯ мегӯяд, орзуи гирифтани шаҳрвандии Русия ва раҳоӣ аз зиндагии душвори муҳоҷират сабаби асосии қабул кардани ин пешниҳод гардидааст.

Аммо замоне ки ӯро ба майдони ҷанг бурданд, воқеият, ба гуфтаи ӯ, аз ваъдаҳои пешакӣ комилан фарқ мекард. Гарчанде ба ӯ гуфта буданд, ки аз рӯи ихтисоси худ — ҳамчун оҳангар — фаъолият хоҳад кард, вале дар амал бидуни омодагии кофӣ ба ҳайати гурӯҳҳои ҳамлавар ба сафи муқаддами ҷанг фиристода шудааст.

Ӯ ҳамчунин нақл мекунад, ки мушкилот танҳо ба ин маҳдуд намешуд, балки фармондеҳи даста бо баҳонаи хариди таҷҳизоти муҳофизатӣ қисми зиёди маблағи маошаш — тақрибан 320 ҳазор рублро гирифтааст, аммо дар иваз танҳо чанд ашёи оддиро ба ӯ додааст.

Бар асоси гуфтаҳояш, дар рӯзи аввали иштирок дар амалиёти ҷангӣ ӯ аз пояш захмӣ мешавад. Ӯ ҳамчунин иддао мекунад, ки фармондеҳони рус сарбозони хориҷиеро, ки умуман таҷрибаи ҷангӣ надоранд, дар хатти пеши ҷанг бидуни ғизо ва об барои рӯзҳои зиёд танҳо мегузоранд. Дар чунин шароит, ба гуфтаи ӯ, маҷбур шудааст аз оби борон ва боқимондаҳои ғизои куҳна истифода кунад.

Дар ниҳоят, ӯ ҳамроҳ бо як сарбози дигар тасмим гирифтааст аз ҷанг фирор кунад. Бар асоси гуфтаҳояш, онҳо тавассути лоиҳаи “Хочу жить” бо ҷониби Украина тамос гирифта, раванди таслимшавиро ҳамоҳанг кардаанд. Ба нақли ӯ, паҳподҳо ва воситаҳои иртиботӣ онҳоро то мавқеъҳои нерӯҳои украинӣ роҳнамоӣ кардаанд.

Ин сарбози тоҷик ҳамчунин нақл мекунад, ки нерӯҳои украинӣ нисбати онҳо муносибати хуб доштаанд. Ба гуфтааш, баъд аз таслимшавӣ сарбозони украиниӣ бо онҳо муносибати инсонӣ карда, барояшон ғизо ва либоси тоза додаанд ва шароити оддии зиндагиро фароҳам сохтаанд.

Дар анҷоми қиссаи худ ин муҳоҷири тоҷик иштирок дар ҷангро “хатои бузургтарини ҳаёти худ” номида, ба ҳамватанон ва сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ муроҷиат карда мегӯяд: “Ҳеҷ гоҳ чунин қарордодро имзо накунед. Ин билети яктарафа аст. Беҳтар аст ба Ватан баргардед ё барои кор ҷойи дигар пайдо кунед, аммо ба ҷанг наравед”.

Ин ҳам дар ҳолест, ки лоиҳаи “Хочу жить”-и Украина чанд маротиба рӯйхати сарбозони кишварҳои Осиёи Марказиро, ки дар ин ҷанг ширкат доранд, нашр кард. Дар байни онҳо номи ҳазорҳо шаҳрнвади Тоҷикистон, аз 18-сола то 70-сола низ дида мешавад.

Аммо ба нақл аз сарбозони ширкат карда дар ин даргирӣ, мақомоти Русия муҳоҷироне, ки дар асноди будубошашон мушкил доранд ва ё зиндониёне, ки барои солҳои тӯлонӣ маҳкум шудаанд, бо пешниҳоди додани шаҳрвнадӣ онҳоро ба имзои қарордод маҷбур месозанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Авфи рӯзноманигорони зиндонӣ: киҳо озод мешаванд?

Қонун "Дар бораи авф" барои бархе аз рӯзноманигорон умеди озодии наздикро ба вуҷуд овардааст, аммо сарнавишти гурӯҳи дигар ҳамоно норӯшан боқӣ мондааст.

Модари блогер Абдурраҳмон-09 аз зиндон озод шуд

Шоҳида Маҳмадҷонова, пизишки собиқ ва модари блогери тоҷик Абдурраҳмон-09, аз зиндон озод шудааст.

Олмон боз як паноҳчӯи дигари тоҷикро ихроч кард

Мақомоти Олмон боз як паноҳҷӯи 54-солаи тоҷикро ҳамроҳи писараш ба Тоҷикистон ихроҷ кард.

Душанбе киро интихоб мекунад: Пекину Маскав ё Анқарву Теҳрон?

Воқеъияти ҷаҳон, бахусус минтақа ин аст, ки кишварҳои кӯчаке мисли Тоҷикистон наметавонанд сиёсати мустақил дошта бошанд ва таҳти таъсири қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ қарор нагиранд.