Шикояти сокинон: Маъмурони барқ ҳамро беҳуда қарздор мекунанд

Сокинони бархе ноҳияҳои кишвар аз он шикоят доранд, ки маъмурони идораҳои барқ хона ба хона гашта, ҳамаро беҳуда аз барқ қарздор менависанд ва ҷарима мебанданд.

Як гурӯҳ сокинон аз ноҳияи Ёвон ва дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон (ба хотири ҳифзи амният номи онҳо ва номи деҳаҳояшон зикр намешавад) дар тамос бо Azda tv гуфтанд, ки чанд рӯз аст кормандони ширкати барқ ба ҳар хона даромада, мегӯянд, таҷҳизоти барқҳисобкуниятон куҳна аст ва ё шумо онро худсарона насб кардаед ва барои ин кор бояд аз 800 то 2500 сомонӣ ҷарима супоред. Вақте сокинон далел мепурсанд, маъмурон мегуфтаанд, ки барқҳисобкунанакатонро аз мо нахаридаед ва ё аллакай вақти фаъолияти ин навъи таҷҳизот гузаштааст.

Аммо сокинон мегӯянд, чанд сол пеш муъмурони идораи барқ омада, ҳамин хел мардмуро ҷарима баста ва маҷбур карда буданд, ки таҷҳизоти барқҳисобкуниҳояшонро иваз кунанд.

Чанд сол пеш омаданд гуфтанд, “Счётчик”-ҳоятон куҳна аст, ҷарима бастанд ва боз барои насби таҷҳизоти нав пул гирифтанд ва худашон омада иваз карданд. Мо фақат пул додем, дигар намедонем. То ин дам ҳич гап набуд, акнун боз ҳамон сенария такрор шуда истодааст.“, мегӯянд сокинон.

Бар асоси гуфтаи сокинон, маъмурони ширкати барқ ба онҳо гуфтаанд, ки ин таҷҳизоти навро, ки аз мо мехаред, ҳамагӣ то моҳи январи соли оянда муҳлат доранд, пас аз он бояд боз аз нав бихаред ва ин бор ҳама барқҳисобкунанкҳо бо симкорт муҷаҳҳаз хоҳанд буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки пештар чунин шикоятҳо аз ноҳияи Мастчоҳ ва дигар навоҳии вилояти Суғд ҳам расонаӣ шуда буд, ки масъулони идораҳои барқ аҳолиро аз ҳад зиёд қарздор менависанд. Дар ҳоле ки баъзе бо шикоят гуфта буданд, беш аз 15-сола расидҳои пардохти пули барқро дар даст дорад, аммо боз ҳам қарздор ва ҷарима шуданд.

Аввали соли ҷорӣ масъулони Агентии назорати давлатии энергетикии Тоҷикистон гуфта буданд, ки дар пайи санҷиш дар сохторҳои шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо, маълум шуда, ки маъмурон ба суратҳисоби муштариён дар ҳаҷми 321 миллион кВт соат ба маблағи 106 миллион сомонӣ изофанависӣ карда, аҳолиро қарздор кардаанд. Масъулон он замон гуфта буданд, ки нисбати садҳо корманди шабакаҳои тақсимоти барқ ба хотири ин рафторашон парвандаҳои маъмурӣ ва ҷиноӣ боз шудааст. Аммо маълум нашуд, ки чанд кас аз ин кормандон ҷарима ва ё зиндонӣ шуда ва ё касе аз кор корнда шудааст.

Ин шикоятҳо дар ҳолест, ки мақомоти расмӣ, соли гузашта ба таври умум аҳолиро беш аз 1,2 миллард сомонӣ аз барқ қарздор сохта буд. Аммо сокинон мегӯянд, имкон надорад, ки аҳолии кишвар аз барқ қарздор бошанд, зеро вақте шумо ду ё се моҳ пули барқро пардохт карда натонед, сими барқро қатъ мекунанд. Чӣ гуна аҳолӣ пули барқро пардохт намекунад ва ин миқдор қарздор мешавад.

Аммо дар баробари ин, мақомоти оморӣ мегӯянд, корхонаҳои бузурги истеҳсолии Тоҷикистон, ки бештар ба наздикон ва хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон марбутанд, онҳо низ дар маҷмуъ беш аз 1 миллард сомонӣ аз пули барқ қарздоранд, вале то ҳанӯз пардохт намекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар ноҳияи Шоҳмансур марде бо гумони рабудани ноболиғ ва ҳаракатҳои бадахлоқона боздошт шуд

Дар Душанбе як мард бо гумони рабудани ноболиғ ва анҷоми ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба ӯ боздошт шудааст.

Баъди бозӣ бо Партугалия шонси бурди Узбекистон ба давраҳои баъдӣ хеле кам шуд

Дастаи мунтахаби Узбекистон дар бозии дуюми худ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 аз тими Португалия бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрд ва имкони роҳ ёфтанаш ба марҳилаи баъдӣ коҳиш ёфт.

Тирпарронӣ ва боздошти навраси 15-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду навраси тоҷикро, ки байни худ даргир шуда ва дар натиҷа тирпарронӣ карданд, боздошт кардааст.

Авфи рӯзноманигорони зиндонӣ: киҳо озод мешаванд?

Қонун "Дар бораи авф" барои бархе аз рӯзноманигорон умеди озодии наздикро ба вуҷуд овардааст, аммо сарнавишти гурӯҳи дигар ҳамоно норӯшан боқӣ мондааст.