Модари блогер Абдурраҳмон-09 аз зиндон озод шуд

Шоҳида Маҳмадҷонова, пизишки собиқ ва модари блогери тоҷик Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдурраҳмон-09, аз зиндони занонаи шаҳри Норак озод шудааст. Ба гуфтаи писараш, ӯ пас аз чор солу панҷ моҳи боздошт ва ҳабс бар асоси қонуни нави афв раҳо шудааст.

Шоҳида Маҳмадҷонова соли 2022 бо иттиҳоми ҷонибдорӣ аз созмонҳои мамнуъ ва ҳамчунин бар асоси моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон “ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ” ба шаш соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ ба ҷонибдорӣ аз ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” мутҳам буд. Он замон наздиконаш ва ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ин иттиҳомро рад карда, боздошти ӯро сиёсӣ гуфта буфта буданд.

Писараш Шерзод Маҳмадҷонов, ки дар Аврупо зиндагӣ мекунад, ба Раидои Озодӣ гуфтаааст, модараш ҳангоми адои ҷазо аз дарди сутунмуҳра ранҷ мекашид ва шароити муносиби табобат надошт. Ӯ аз озод шудани модараш истиқбол карда, гуфтааст, ки акнун барои табобати ӯ талош хоҳад кард.

Ёдоар мешавем, ки Шоҳида Маҳмадҷонова, 18 сол ҳамчун табиб дар шаҳри Ваҳдат фаъолият дошт, рӯзи 3-юми январи соли 2020 зери фишори мақомот аризаи “бо хоҳиши худ” аз кор рафтанашро имзо кард. Баъдан, рӯзи 3-юми феврали соли 2022 бо даъвати мақомоти корҳои дохилӣ ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ҳозир шуда ва аз ҳамон ҷо боздошт гардида буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷангҷӯи тоҷик дар Украина: “Ин хатои маро такрор накунед”

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҷанги Русия бар зидди Украина иштирок дошт, худро ба сарбозони Украина таслим кард.

Олмон боз як паноҳчӯи дигари тоҷикро ихроч кард

Мақомоти Олмон боз як паноҳҷӯи 54-солаи тоҷикро ҳамроҳи писараш ба Тоҷикистон ихроҷ кард.

Душанбе киро интихоб мекунад: Пекину Маскав ё Анқарву Теҳрон?

Воқеъияти ҷаҳон, бахусус минтақа ин аст, ки кишварҳои кӯчаке мисли Тоҷикистон наметавонанд сиёсати мустақил дошта бошанд ва таҳти таъсири қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ қарор нагиранд.

Кир Стармер аз мақоми сарвазири Британия истеъфо медиҳад

Кир Стармер, нахуствазири Британия, эълон кард, ки аз раҳбарии Ҳизби коргар ва мақоми сарвазир канорагирӣ мекунад.