ФАВРӢ! КҲФ аз дарёи Панҷ ҷасаде пайдо карда, ки эҳтимол Мирзонаботов бошад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон рӯзи 25-уми июн бо интишори хабари фаврие иттилоъ дод, ки дар пайи корҳои ҷустуҷӯии руи обӣ ва зери обӣ наҷотдиҳандагони Кумита ҷасади як мардро пайдо карданд.

Дар иттилоияи ин ниҳод, амали ҷустуҷӯӣ дар дарёи Панҷ сурат гирифта, ҷасад 20 километр поёнтар аз ҷои ҳодисаи сарозер шудани мошини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонаботов пайдо шудааст. КҲФ мегӯяд, эҳтимол ҷасад ба яке аз бошандагони мошини раиси ВМКБ бошад, ки да дохили он ронанда, ёвар ва зану фарзандаш ҳам ҳамроҳ буданд.

Ҳоло ҷасад ба сохторҳои дахлдор супурда шуда, барои таҳқиқи ҳувияташа таҳқиқ мебаранд.

Бар асоси иттилои КФҲ, барои пайдо кардани ҷасадҳо дар маҳалли ҳодиса ва атрофи он беш аз 200 нафар наҷотдиҳандагони ин ниҳод аз Раёсати Кумита дар ВМКБ, Минтақаи Кӯлоб, Раёсати таиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ наҷотдиҳии Кумита, дар якҷоягӣ бо мақомоту сохторҳои дахлдор корҳои ҷустуҷӯии рӯйи обӣ ва зери обиро анҷом дода истодаанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, корҳои ҷустуҷӯии дар макони ҳодиса идома дошта, дар минтақаҳои гуногуни ноҳияҳои Дарвоз,  Шамсиддин Шоҳин, минтақаи Кӯлоб ва дигар мавзеҳо ҷараён дорад.

Ёдовра мешавем, ки субҳи рӯзи 17-уми июни соли ҷорӣ Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки Алишер Мирзонаботов ҳамроҳи ёвар ва ҳамсару кӯдаки хурдсолаш дар киллометрии 282-юми шоҳроҳи “Душанбе-Хоруғ”, дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз ба садама дучор гардида, ба дарё сарозер шудаанд.

Мақомот таҳқиқро оғоз кардаанд, вале таҳқиқоти пешакӣ сабаби садама ва марги раиси ВМКБ ҳамроҳи зану фарзандашро бо “суръати баланд” рондани мошини хидматӣ ва “аз уҳдаи идораи мошин набаромадан”-и ронандааш Сино Муборакшоев мегӯяд.

Баъзе корбарон дар шабкаҳои иҷтимоӣ ин суолро матраҳ мекунанд, ки чаро мақомоти кишвар, бахсус Дастгоҳи раисҷумҳур пас аз чанд соати ҳодиса марги Алишер Мирзонаботовро эълон карданд, дар ҳоле ки то ҳанӯз ҷасади ӯ ва ҳамроҳонаш пайдо нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Заминларзаи сахт дар Венесуэла даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт

Дар пайи ду заминларзаи пурқувват дар Венесуэла даҳҳо нафар ҷон бохта, садҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон боз андоз аз нақлиёт зиёд шуд

Дар Тоҷикистон ба Кодекси андоз тағйирот ворид карда шуд, ки бар асоси он миқдори андоз барои баъзе навъҳои воситаҳои нақлиёт афзоиш меёбад.

Кушта шудани як фармондеҳи баландпояи ДИИШ дар Сурия

Амрико эълон кард, ки дар як ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои ин кишвар дар шимолу ғарби Сурия, яке аз раҳбарони баландпояи гурӯҳи ДИИШ кушта шудааст.

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон бо гумони кӯшиши қаллобӣ

Додгоҳи ноҳияи Замбрув (Zambrów)-и Лаҳистон як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми кӯшиши қаллобӣ барои се моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум кард.