Тирпарронӣ ва боздошти навраси 15-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду навраси тоҷикро, ки байни худ даргир шуда ва дар натиҷа тирпарронӣ карданд, боздошт кардааст.

Дар иттилоияи пулис гуфта мешавад, ки ҳодисаи даргирӣ байни ин ду навраси 15-солаи тоҷик рӯзи 15-уми июни соли 2026 дар ноҳияи Урсуси шаҳри Варшава рух дода, ки яке аз онҳо захмӣ гардидааст.

Пулис мегӯяд, дар натиҷаи ин задухӯрд, яке аз онҳо дигареро бо таппончаи травматикӣ маҷруҳ мекунад ва бо дахолати пулис боздошт шуда, парвандаи онҳо ба додгоҳи оилавӣ ва ноболиғон фиристода мешавад ва навҷавони гумонбар ба Муассисаи тарбиявии ҷавонон (MOW) интиқол дода мешавад.

Бино ба гузориши шоҳидон, байни ду наврас баҳсу ҷанҷол сар зада, вазъият босуръат шиддат гирифтааст. Дар ҷараёни ҷанҷол яке аз онҳо бо истифода аз таппончаи травматикӣ, ҳамсолашро аз ноҳияи пой маҷруҳ кардааст.

Кормандони пулис фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, тафтишоти аввалияро анҷом доданд. Муайян гардида, ки ҷароҳат сатҳӣ буда, ҷабрдида ба бистарӣ шудан дар беморхона ниёз надоштааст ва ҷони ӯ дар хатар нест.

Пулис навраси гумонбарро боздошт намуда, силоҳи пневматикиеро, ки дар ҳодиса истифода шудааст, мусодира кард. Ба гуфтаи худи наврас, ӯ ин таппончаро аз интернет харидорӣ кардааст. Мақомоти пулис изҳор доштанд, ки боздоштшуда шаҳрванди 15-солаи Тоҷикистон мебошад, вале ному насаби ӯро нашр накардаанд.

Пештар низ ба Azda TV хабар дар бораи даргирии як ду ҷавони 17 ва 14-солаи тоҷик расида буд. Гуфта мешавад, ҳоло парвандаи онҳо низ дар пулис дар ҳоли баррасӣ аст, вале мушаххас нест, ки ин ҳамон ду нафар наврасони тоҷик бошанд ё касони дигар. Пулиси Варшава пас аз анҷоми амалҳои тафтишотӣ, ҳамаи маводи парвандаро ба Додгоҳи оилавӣ ва ноболиғони Варшава ирсол намудааст.

Бо қарори додгоҳ, наврас ба Муассисаи тарбиявии ҷавонон (MOW) фиристода шуд. Ин муассиса барои ноболиғоне пешбинӣ шудааст, ки ба чораҳои тарбиявӣ ва назорати махсус ниёз доранд.

Пулис таъкид кардааст, ки нисбат ба ҳар гуна хушунат ва рафтори хатарнок таҳаммул нишон дода намешавад ва чунин амалҳо бо вокуниши қатъии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низоми додгоҳӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Ин бори аввал нест, ки расонаҳои Лаҳистон аз ҷанҷол ва даргирӣ байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва боздошти онҳо тавассути пулис гузориш медиҳанд. Чанде пеш низ Azda TV аз даргирӣ ва латукӯб байни шаҳрвандони Тоҷикистон гузориш дода буд, ки дар натиҷаи он як шаҳрванди Тоҷикистон аз ноҳияи сар ба шиддат осеб дида, бистарӣ гашт ва 2 нафар бародароне, ки ҳамла карда буданд, дар боздошт қарор доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шикояти сокинон: Маъмурони барқ ҳамро беҳуда қарздор мекунанд

Сокинони бархе ноҳияҳои кишвар аз он шикоят доранд, ки маъмурони барқ хона ба хона гашта, ҳамаро беҳуда аз барқ қарздор менависанд ва ҷарима мебанданд.

Авфи рӯзноманигорони зиндонӣ: киҳо озод мешаванд?

Қонун "Дар бораи авф" барои бархе аз рӯзноманигорон умеди озодии наздикро ба вуҷуд овардааст, аммо сарнавишти гурӯҳи дигар ҳамоно норӯшан боқӣ мондааст.

Ҷангҷӯи тоҷик дар Украина: “Ин хатои маро такрор накунед”

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҷанги Русия бар зидди Украина иштирок дошт, худро ба сарбозони Украина таслим кард.

Модари блогер Абдурраҳмон-09 аз зиндон озод шуд

Шоҳида Маҳмадҷонова, пизишки собиқ ва модари блогери тоҷик Абдурраҳмон-09, аз зиндон озод шудааст.